Хабарҳо

Мояи ифтихору сарфарозӣ
Тайи солҳои охир сафи донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ки дар хориҷа таҳсили илм менамоянд, зиёд гардидааст. Табодули донишҷӯён дар асоси қарордоди тарафайн амалӣ гардида, ба ин восита, онҳо донишҳои азхуднамудаи худро сайқал медиҳанд ва боз аз илмҳои дигар воқиф мегарданд. Ин раванд барои муаррифии бештари Ватани азизамон ва донишкада саҳми назаррас мегузорад.
Чун анъана ҳамасола аз донишкада зиёда аз 30 нафар донишҷӯ барои идомаи таҳсил давоми як нимсола ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷа фиристода мешаванд. Ойбек Раҳимов, донишҷӯи курси 4-уми шуъбаи рӯзонаи ихтисоси бозори фондии факултети молия ва қарз аз зумраи донишҷӯёнест, ки дар доираи шартномаи тарафайн байни ДМИТ ва Донишгоҳи Пскови Федератсияи Россия дар нимсолаи якуми соли таҳсили 2017-2018 ба ин муассиса сафарбар гардида, ба таҳсил фаро гирифта шуд.
Рӯзҳои 13-14-уми декабри соли 2017 дар Донишгоҳи Пскови Федератсияи Россия конфронси 2-юми байналмилалии ҷавонон, таҳти унвони «Муаммоҳои муосири бехатарии иқтисодӣ» баргузор гардид. Хурсандиовар аст, ки дар ин конфронс Ойбек Раҳимов ҳамчун намояндаи Тоҷикистон иштирок ва дар мавзӯи «Анализ финансовой устойчивости бюджета Таджикистан» маърӯза намуда, соҳиби сертификат гардид.
Боиси ифтихор аст, ки теъдоди чунин донишҷӯёни фаъол дар донишкадаамон рӯз то рӯз меафзояд. Ойбек ният дорад, ки пас аз хатми зинаи бакалавр дар зинаи магистратура низ таҳсили худро идома диҳад. Мо ба ӯ барор мехоҳем!
Х. Муҳиддинов