Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Паёми Пешвои миллат маҷмӯи таъкиду ҳидоятҳои созанда

Паёми Пешвои миллат маҷмӯи таъкиду ҳидоятҳои созанда

5 феврали соли ҷорӣ факултети молия ва қарз бо мақсади баррасии нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки номояндагони шуъбаи тарбия, садорати факултет ва кураторони гурӯҳҳои академӣ ба донишҷӯёни курсҳои дуюм дарси кушоди тарбиявӣ гузаронид. 
Дар дарс самтҳои иқтисодии Паёми Пешвои миллат мавриди баррасӣ қарор гирифт. 
Сараввал Ҷовид Боймуродов, мутахассиси шуъбаи тарбия оид ба хобгоҳҳо вобаста ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ибрози андеша намуда, зикр кард, ки Тоҷикистон дорои ёдгориҳои бойи таърихист ва ин метавонад барои ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони хориҷӣ замина гузорад. Номбурда аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки дар баробари сайёҳони хориҷӣ онҳо низ метавонанд аз ин ёдгориҳои таърихӣ, ба монанди Чилдухтарони н. Мӯъминобод, Саразми ш. Панҷакент, Ҳулбуки н. Восеъ, Қалъаи Ҳисор дидан намуда, ба худ маълумотҳои бештарро пайдо намоянд. 
Дар ин радиф Ҳакимшо Сандалов, мудири кафедраи фаъолияти бонкӣ ҷанбаҳои иқтисодии Паёми имсоларо муфассал шарҳ дод. Мавсуф дар бораи имтиёзҳои андозӣ, ҳадафҳои стратегии мамлакат, тақвияти рушди содирот ва дигар масоили иқтисодию иҷтимоии кишвар истода гузашт. 
Мақсад аз гузаронидани дарси кушоди тарбиявӣ доир ба ташреҳи Паём ба донишҷӯён расонидани моҳияти ин ҳуҷҷати муҳимми давлатӣ мебошад. 


Хусрав Муҳиддинов