Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Паём ва рушди иқтисодиёти миллӣ

Паём ва рушди иқтисодиёти миллӣ

10 феврал бо ташаббуси кафедраи омор баррасӣ ва муҳокимаи ҷанбаҳои иқтисодии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он устодону донишҷуёни ихтисоси омор иштирок намуданд. 
Чӣ тавре, ки Мастура Буриева, мудири кафедраи омор дар оғози чорабинӣ зикр намуд, ҳамасола пас аз Паёми Пешвои миллат тибқи анъана кафедра бо баргузории чорабиниҳо масъалаҳои мухталифи онро мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор медиҳад. Зеро Паём ифодагари зиндагии шоистаи мардум буда, бурду бохти кишварро бозгӯ мекунад. 
-Чун ДМИТ ба омода сохтани кадрҳои баландихтисоси соҳаи молия ва иқтисод машғул аст, мо устодон бояд бештар ба ин самтҳои Паём аҳамият диҳем. Қабули буҷети давлатӣ барои соли 2018, афзудани музди меҳнати кормандони буҷавӣ аз моҳи сентябри соли 2018 ба андозаи 15%, расидан ба ҳадафҳои беҳдошти сатҳи некуаҳволии мардум аз зумраи муҳимтарин нуктаҳои Паёми имсола мебошад, -афзуд М. Буриева. 
Сипас маърӯзаи муаллими калони кафедраи омор Рустам Холов дар мавзӯи “Масъалаҳои рушди соҳибкорӣ дар Паёми Пешвои миллат” шунида шуд. Чӣ тавре зикр гашт, 18 январи соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Фармон “Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳамаи намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ”-ро ба имзо расониданд. Мувофиқи ин фармон ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ ба истиснои санҷишҳои нақшавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати ду сол мораторий эълон карда мешавад. 
Сипас донишҷӯёни курси 3 Аҳмадшоҳи Саидмусалламзода ва Дилшод Давлатов дар мавзӯъҳои “Муаммо ва имкониятҳои рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Баъзе аз ҷанбаҳои иқтисодии Паём” суханронӣ намуданд. 
Чорабинӣ бо музокирарониҳо ва саволу ҷавоб ба интиҳо расид. 


Насрулло Тӯйчизода