Хабарҳо
Захираҳои обӣ ва истиқлолияти энергетикӣ
Лексияи навбатии проблемавӣ, ки санаи 10 феврал бо ташаббуси раёсат ва Шӯрои илмию методии донишкада баргузор гардид, ба мавзӯи «Таҳлили захираҳои обӣ ва таъмини истиқлолияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида шуд. Маърӯзачӣ Холаҳмади Маҳмадзода- ассистенти кафедраи таҳлили иқтисодӣ дар оғози баромади худ изҳор дошт, ки муаммои истифодаи оқилонаи захираҳои обию энергетикӣ на танҳо хоси Тоҷикистон ва минтақа, балки ба проблемаи глобалӣ дар сатҳи ҷаҳон табдил ёфтааст. Қимати об имрӯз бояд дар баробари металлҳои киматбаҳо, аз қабили тилло ва нукра бошад. Чӣ тавре, ки як олими англис гуфтааст, дар дунё миллионҳо нафар бидуни муҳаббат зиста метавонанд, вале бидуни об нафаре зиндагӣ карда наметавонад. Имрӯз 97% оби дар сайёра мавҷудбуда қобили истифода нест. Танҳо 3 % обро аҳолии кураи замин истеъмол мекунанд. Аз ин 2% оби пиряхҳо буда, 1% обҳои зеризаминӣ мебошанд.
Тоҷикистон дорои захираҳои бузургӣ обию энергетикӣ буда, дар ҷаҳон ҷойи ҳаштумро мегирад. Аз ин хотир, ҳар яки мо вазифадорем, ки дар ҳифз ва истифодаи оқилонаи ин неъмати бебаҳо саҳмгузор бошем.
Баромадкунанда, инчунин аз талошҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳифзу захираҳои обӣ ёдовар шуд. Зикр гашт, ки пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» аз ҷониби намояндагони 193 кишвар дастгирӣ ёфт. Аз ин хотир, Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти ҳифзи захираҳои обӣ эътироф гаштааст.
Ҳозирин дар охир андешаҳои худро перомуни ин мавзӯъ баён доштанд.
Насрулло Тӯйчизода