Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баррасии самтҳои технологию иқтисодии Паём

Баррасии самтҳои технологию иқтисодии Паём

Факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт санаи 8 феврали соли ҷорӣ вобаста ба таҳлили нуқтаҳои технологию иқтисодии Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарси кушоди тарбиявӣ доир намуд. 
Дар дарс Амрулло Нурализода, муовини ректор оид ба таълим, Бунафша Қодирова, муовини ректор оид ба тарбия, Абдулло Давлатзода, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон иштирок доштанд. 
Муҳайё Аламшоева, ассистенти кафедраи информатикаи амалӣ дар иқтисодиёт дар баромадаш қайд намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин муҳимтарин барномаи ҳадафҳои стратегии ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, дар он масъалаҳои таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқ, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва дигар вазифаҳои мушаххаси ҷомеа баррасӣ мегарданд. 
Дар ҷаҳони муосир илмҳои дақиқ ва техникаю технологияҳо босуръат рушд мекунад ва пешравии ҳама соҳаҳо аз он вобастагии амиқ дорад. Вобаста ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар қайд намуданд, ки «Пешрафти ояндаи Тоҷикистон дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ пешбинӣ гардида, ҷиҳати татбиқи ин ҳадаф бо истифода аз технологияҳои муосир баланд бардоштани самаранокии саноати коркард ва қобилияти рақобати маҳсулоти ватанӣ бисёр муҳим мебошад». Пас, ҷавонони имрӯзаро мебояд бо саъю кӯшиши зиёд илмҳои замонавию забонҳои хориҷӣ ва техникаю технологияҳои муосирро аз худ намуда, дар пешрафти ҷомеа ва давлатамон саҳмгузор бошанд, гуфт Аламшоева М. 
Дар интиҳо, донишҷӯён низ дар бораи нуқтаҳои асосии Паём фикру андешаҳояшонро иброз доштанд. 


Хусрав Муҳиддинов