Хабарҳо
Семинари омӯзишӣ оид ба муносибати босалоҳият дар таълим
Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаи дастгирии таҳсилоти босифат БДТБ 1 рӯзҳои 5-9 феврали соли 2018 дар Китобхонаи миллӣ семинари омӯзишӣ бо муаллифони китобҳои дарсӣ оид ба муносибати босалоҳият дар таълим гузаронида шуд.
Сараввал вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид семинарро оғоз намуда, ҳадафи баргузории онро дар тақвият бахшидани самтҳои такмили ихтисоси омӯзгорон, арзёбии таълим, банақшагирӣ, таҳияи буҷет, куррикулум ва мониторинг дониста, оид ба тарзи дуруст омодасозии китобҳои дарсӣ ва барномаҳои таълимӣ андешаҳои судманд арзёбӣ намуд.
Баъдан аз тарафи роҳбари ҳайати гурӯҳи ЛДТБ-1 Майкл Лайтфут мақсаду вазифаҳо, моҳияти муносибати таълими босалоҳият ва амалисозии онро дар раванди таҳияи барнома ва китобҳои дарсӣ шарҳ дода шуд.
Дар семинари мазкур аз ДМИТ Убайдов Ф.С., мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ ҳамчун ҳаммуаллифи китоби дарсии «Асосҳои иқтисодӣ» барои синфҳои 11 иштирок намуд. Ба ӯ барои саҳмгузориаш дар таҳияи китоби мазкур аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос баён карда шуд ва барои омода намудани барномаи таълимии ин китоби дарсӣ муваззаф гардид.
Умуман, саҳми устодони кафедраи назарияи иқтисодии донишкада дар таҳияи барнома, дастурҳои методӣ ва китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои миёнаи умумӣ ва олии кишвар назаррас аст.