Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Муносибатҳои байнибуҷетӣ ва хусусиятҳои он

Муносибатҳои байнибуҷетӣ ва хусусиятҳои он

13 феврали соли равон бо ташаббуси кафедраи молия ва муомилоти пулии факултети молия ва қарз бахшида ба эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ семинари илмӣ-назариявии донишкадавӣ дар мавзӯи «Муносибатҳои байнибуҷетӣ ва хусусиятҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида шуд, ки дар он доираи васеи устодон ва донишҷӯён ширкат варзиданд.
Доир ба мавзӯи зикршуда дотсенти кафедра Гулмаҳмад Оймаҳмадов маърӯза намуда, зикр сохт, ки васеъгардонии муносибатҳои молию пулӣ дар давлатҳо на танҳо сабаби мустақилияти иқтисодию молиявии буҷетҳои алоҳида гардид, балки муайянкунандаи тарзу усул ва шаклҳои амалинамоии муносибатҳои байнибуҷетиро ба вуҷуд овард. Зикр гашт, ки муносибатҳои байнибуҷетӣ, аз як тараф, барандаи муносибатҳои молию пулӣ бошанд, аз тарафи дигар, барандаи муносибатҳои молиявӣ  оид ба ташкил, тақсиму азнавтақсимкунии фондҳои мақсадноки давлатӣ барои ҳисоббаробаркуниҳо мебошанд.
Баъди маърӯза музокира ва суолу ҷавобҳо пешниҳод шуда, семинари мазкурро бо сухани интиҳоӣ сардори раёсати илм ва инноватсия Қ. Муқимов ҳусни анҷом пазируфт.     


Насрулло Тӯйчизода