Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Терроризм - падидаи марговар

Терроризм - падидаи марговар

Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ироа гардидани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҷанбаҳои гуногуни он дар байни шаҳрвандон мавриди фаҳмондадиҳӣ қарор мегирад. Имсол низ чун ҳамасола дар тамоми сохторҳои донишкада Паём мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифт. Вобаста ба ин рӯзи 7 феврал дар факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ аз тарафи муаллими калони кафедраи фаъолияти гумрукӣ Шомуддинов О. дарси кушоди тарбиявӣ гузаронида шуд. 
Сараввал Боймуродов Ҷ. дар бораи баъзе самтҳои иқтисодии Паём истода гузашт ва сабукиҳои андозии ҷоригардидаро ба баъзе намудҳои фаъолият шарҳ дода, афзуд, ки ин иқдом барои беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ мусоидат менамояд. 
Сипас Шомуддинов О. қайд намуд, ки аз диди сиёсӣ Паёми имсола пурра воқеияти сиёсии на танҳо дохилӣ, балки ҷомеаи ҷаҳониро низ дар бар гирифта, мавқеи Тоҷикистонро вобаста ба рӯйдоду ҳодисоти як соли охирро дақиқ муайян намуд. Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки равандҳои геополитикӣ ва геоиқтисодии ҷаҳони имрӯза хусусияти таҳдидовар ба ҳамзистии осоиштаи халқу миллат ва давлатҳоро ба миён оварда, терроризм ҳамчун падидаи марговар амният ва суботи кишварҳои гуногунро халалдор намуда истодааст. 
Дар чунин шароити мураккаб дифоъ аз истиқлолияту озодӣ ва таъриху фарҳанги хеш ин дифоъ аз номусу нанги худ дар масири пурифтихори ватандорист. Маҳз аз ҳамин сабаб таъкидҳои Пешвои миллат дар хусуси «сафарбар намудани саъю кӯшиш дар навбати аввал ба хотири сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар давлати азизамон» бояд маънии зиндагӣ ва қарзи фарзандии ҳар як соҳибватан бошад, гуфт мавсуф. 


Исматулло Ҷумъаев, эдвайзери таълими факултет