Хабарҳо
Пешгирии беморӣ аз табобаташ осонтар
14 феврали соли ҷорӣ тибқи дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳои шуъбаи тарбия дар якҷоягӣ бо нуқтаи тиббии донишкада дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам» дар факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ дарси кушоди тарбиявӣ баргузор гардид. Ҳамшираи тиббии донишкада Ҳакимова М. вобаста ба бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВИЧ-СПИД, гепатит, бемориҳои сироятии пӯст ва роҳҳои пешгирии он ба донишҷӯён маърӯза намуд. Номбурда афзуд, ки бемориҳои сироятӣ хатарнок буда, инсонро аз ташаккули тарзи ҳаёти солим маҳрум месозад. Донишҷуён ба ҳамшираи тиббӣ саволҳо дода, ба онҳо ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.
Фатҳулло Муъминов, эдвайзер оид ба корҳои тарбиявии факултет