Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Таҳлили нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Паём

Таҳлили нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Паём

Рӯзи 9 феврали соли ҷорӣ устоди кафедраи назарияи иқтисодӣ Исмоилова С. дар факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ бо иштироки устодони кафедра ва донишҷӯёни курси якуми ихтисоси иқтисоди ҷаҳон дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзӯи мавриди назар гузаронид. 
Дар дарс соҳаи дорусозӣ ва рушди он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Гуфта шуд, ки айни ҳол дар кишвар 32 корхонаи дорусозӣ фаъолият мекунад, вале онҳо ҳамагӣ 240 номгӯи маводи доруворӣ ва тиббиро истеҳсол мекунанд. Аммо ҳоло ҳам ин басанда нест. Зеро дар бисёр маврид ба ҷумҳуриамон аз хориҷи кишвар маводи доруворӣ ворид мегардад. Шароити табиӣ, яъне рӯидани гиёҳҳои шифобахши табобатӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳуриамон барои рушди соҳаи мазкур мусоидат менамояд. 
Аз ин рӯ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар пешниҳод намуданд, ки аз соли 2018 воридоти технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шавад. 
Дар охир, қайд гардид, ки барои солимии мардум ширкатҳои доруистеҳсолкунандаро зарур аст, ки дар оянда ин соҳаи ҳаётан муҳимро рушд дода, фурӯши дорувории хушсифату дастрас, рақобатпазиру воридотивазкунандаро дар дохил ва хориҷи кишварамон ба роҳ монда, бо ин амали худ дар рушди иқтисоди миллиамон саҳми худро гузоранд. 


Хусрав Муҳиддинов