Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Барномаи мубодилаи донишҷӯён амалӣ мегардад

Барномаи мубодилаи донишҷӯён амалӣ мегардад

Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ барои ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилот, ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалии таҳсилот дар донишкада, ташкили курсҳои бозомӯзии забонҳои хориҷӣ, ташкили таҳсилоти дудиплома ва фосилавӣ, табодули устодону донинишҷӯён ва инчунин баланд бардоштани нуфузи донишкада дар арсаи байналмилалӣ талош меварзад. 
Яке аз самтҳои асосии муаррифии донишкада дар хориҷа ин табодули донишҷӯён мебошад, ки ҳамасола аз ҷониби шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ донишҷӯёни донишкада ба хориҷи кишвар фиристонида мешаванд. Маҳз бо ин васила Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистонро ҳамчун донишкадаи пешқадам дар хориҷа эътироф намудаанд. 
Ҳамасола шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ барои донишҷӯёни дараҷаи бакалавр ва магистр Барномаи мубодилаи донишҷӯёнро ташкил менамояд. Маҳз дар доираи ҳамин барнома донишҷӯён дар асоси имтиҳони шифоҳӣ ба донишгоҳҳои хориҷӣ фиристода мешаванд. Дар ин навбат донишҷӯёни донишкада ба Донишгоҳи Нархози Ҷумҳурии Қазоқистон, Донишгоҳи менеҷменти Алмаато, Донишгоҳи давлатии Петрозаводск ва Донишгоҳи давлатии Пскови Федератсияи Россия равона гардиданд. 
Барои таҳсил дар Донишгоҳи Нархози Ҷумҳурии Қазоқистон 12 нафар, Донишгоҳи менеҷменти Алмаато 6 нафар донишҷӯёни арзанда, донандагони забонҳои русӣ ва англисӣ интихоб шуданд. 
Бояд қайд намуд, ки 8 нафар донишҷӯи донишкада аз факултетҳои гуногун дар гурӯҳҳои англисии донишгоҳҳои мазкур таҳсил менамоянд. Инчунин барои таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Пскови Федератсияи Россия 10 нафар ва Донишгоҳи давлатии Петрозаводск 1 нафар донишҷӯ сафарбар гардиданд. Дар умум, дар нимсолаи дуюми соли хониши 2017-2018 теъдоди донишҷӯёни ДМИТ, ки дар хориҷа таҳсил менамоянд ба 29 нафар расид. Бояд қайд намуд, ки факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ барои сафарбар намудани донишҷӯён дар Барномаи мубодилаи донишгҷӯён пешсаф мебошанд ва иштирокунандагони бештари ин барнома аз ин факултетҳоянд (Ҷадвали 1.). 
Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ба садорати факултетҳои мазкур барои иштироки фаъоли донишҷӯёнашон ва инчунин, ба муаллими калони кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқӣ Якубова Каринэ барои пайваста расонидани кумаки худ дар гузаронидани суҳбат бо иштироккунандагони Барномаи мубодила арзи сипос мерасонад. 


Mubodila.jpg


Саломиён Шаҳром, мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ