Хабарҳо
Ҷавонон: мубориза бар зидди ВНМО василаи ҳимояи солимии ҷомеа
Зери ҳамин унвон рӯзи 9 феврали соли ҷорӣ дар доираи нақша- чорабиниҳои Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ҷалби донишҷӯёни фаъоли донишкада аксияи тарғиботӣ баргузор карда шуд. Дар ҷараёни ин аксия маводи иттилоотӣ ба сокинони шаҳри Душанбе паҳн карда шуд. Маводи тарғиботӣ моҳиятан бозгӯкунандаи хатарҳои нангини бемории ВНМО буда, дар он василаҳои ҳимояи инсоният аз гирифторшавӣ ба ин вабои аср инъикос гардидаанд.
Ҳадаф аз роҳандозии аксияи мазкур ташаккули маърифати ахлоқии ҷомеа ва ҳифзи солимии мардум аз бемориҳои сироятист.
Фаридун Саидов, мутахассиси шуъбаи тарбия