Хабарҳо
ВНМО - маризии марговар
Санаи 14 феврали соли ҷорӣ дар факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ мувофиқи мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳои шуъбаи тарбия дар якҷоягӣ бо нуқтаи тиббии донишкада вобаста ба мавзӯи мубориза бар зидди бемории сироятии ВИЧ-СПИД корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни донишҷӯёни факултет гузаронида шуд.
Дар ҷаласа Нигина Камолова, мутасаддии барномаи ВИЧ-СПИД аз маркази саломатии шаҳрии №1 иштирок намуда, барои пешгирӣ аз ин вабои аср ба донишҷӯён маслиҳатҳои муфид дод.
Ҳамчунин Меҳрона Ҳакимова, ҳамшираи тиббии донишкада дар бораи роҳҳои сироятёбӣ, хатарҳои ин маризӣ ва оқибатҳои ногувори он, роҳҳои пешгирӣ ва дигар масоили ба ин марбут сухан кард ва ба суоли донишҷӯён посухҳои қонеъкунанда дод.
Ташкили ин қабил чорабиниҳо дар байни донишҷӯён барои баланд бардоштани маърифати тиббии онҳо ва пешгирии бемориҳои сироятӣ мусоидат мекунад.
Мардон Бухориев, эдвайзер оид ба тарбияи факултет