Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Дастоварди илмӣ

Дастоварди илмӣ

Рӯзи 15 феврал ҳимояи қаблии рисолаи доктории Шарипов Бобоалӣ, н.и.ф.м., дотсенти кафедраи математикаи олии ДМИТ дар мавзӯи «Интегронидашаванда будани системаи муодилаҳо ва дифференсиали пурра бо коэффитсиентҳои сингулярӣ» баргузор гардид. 
Устод дар мавзӯи пешниҳодкардааш синфи системаи муодилаҳоеро ҷудо намудааст, ки барои онҳо шарти ҳамҷоягиашон айниятан иҷро гардида, маҷмӯи ҳалҳояшон дар соҳаҳои тағйирёбандаашон ҳақиқӣ ва комплексӣ муайян карда мешавад. 
Дар муҳокима профессор Муҳаммадҷон Исматӣ ва Раҳматҷон Азизов, дотсенти кафедраи математика дар иқтисодиёти Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, устодони кафедраи математикаи олии донишкада ширкат намуда, ба кори илмии Шарипов Б. баҳои мусбӣ доданд. 
Бояд тазаккур дод, ки ба ихтирооти устод аз ҷониби олимони Амрико ва Олмон баҳои баланд дода шудааст. 
Мо ба Шарипов Б. дар ҳимояи рисолаи докторӣ барор хоста, афзун гардидани дастовардҳои нави илмиашро интизорем. 


Хисрав Муҳиддинов