Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Нақши имтиёзҳои андозӣ дар рушди фаъолияти соҳибкорӣ

Нақши имтиёзҳои андозӣ дар рушди фаъолияти соҳибкорӣ

Рӯзи 17 феврал дар донишкада таҳти унвони «Нақши имтиёзҳои андозӣ дар рушди фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ ва саноатикунонии кишвар» семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, ки дар он Бахтиёр Давлатов, ассистенти кафераи иқтисод ва идора маърӯза намуд. 
Ӯ барои пурра натиҷагирӣ намудани мавзӯи мазкур танҳо самти рушди фаъолияти соҳибкории саноатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуд. 
- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди фаъолияти соҳибкории саноатӣ нақши арзанда дошта, барои мукаммал гардонидани сиёсати рушди устувори иқтисоди миллӣ заминагузор мебошад, - гуфт Давлатов Б. Бинобар ин, барои дақиқ намудани ин гуфтаҳо, мо ҷараёни рушди фаъолияти соҳибкории саноатиро дар солҳои 2011-2015 дида баромадем. Соли 2015 шумораи корхонаҳои саноатӣ дар Тоҷикистон ба 2310 омада расид, ки рушди он нисбати соли 2011 56,8% барзиёд мебошад. Дар баробари зиёд гардидани шумораи корхонаҳои саноатӣ ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ афзудааст, ки зиёдгардии он дар соли 2015 нисбати соли 2011 3122 млн. сомонӣ ва ё 34,4% мебошад. Тибқи маълумотҳои омории “Саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 25 соли Истиқлолияти давлатӣ», хусусан дар солҳои 2011-2015 шумораи миёнаи кормандони саноатию истеҳсолӣ 5,8 ҳаз. нафар ва ё 7,7% барзиёд гардидааст. Аз рӯи нишондиҳандаи мазкур ба мо муайян мегардад, ки институтҳои давлатӣ ба воситаи имтиёзҳои пешниҳоднамудаашон (пардохти андоз, боҷҳои давлатӣ ва паст гардидани қарзҳои тиҷоратӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ) ҳаҷми бекориро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон паст намудаанд. 
Ҳадафи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рушди иқтисодиёти гуногунҷабҳаи дорои тамоюлоти содиротӣ аз ҳисоби рушди соҳаҳои воқеӣ ва бештар намудани ҳиссаи бахши хусусӣ дар иқтисодиёти мамлакат мебошад. Сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин кафолати тараққиёти муваффақ ва дастрасӣ ба бозорҳои нави минтақаи Осиё мебошад, - қайд кард дар фароварди суханрониаш маърӯзачӣ. 
Дар интиҳо доир ба мавзӯи баррасишаванда мубодилаи афкор сурат гирифт. 


Хисрав Муҳиддинов