Хабарҳо
Дарси тарбиявӣ дар Осорхонаи миллӣ
Боиси хушнудист, ки соли 2018 дар кишвар бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид.
Санаи 17 феврал куратори донишҷӯёни курси 1, ихтисоси кори бонкии факултети молия ва қарз Мубораки Назримад бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастии ҷавонон, эҳтиром гузоштан ба таъриху фарҳанги аҷдодонамон донишҷӯёни гурӯҳашро ба Осорхонаи миллӣ сафарбар намуд
Дар осорхона донишҷӯён бо тамошои бозёфтҳои нодири асрҳои гузашта, ки бостоншиносон аз қадим то ин замон тариқи кофтуковҳои археологӣ пайдо намудаанд, аз ҷумла дастнависҳо, катибаҳои рӯи санг, косаву табақ, нигораҳо, сиккаҳои нуқрагин ва биринҷӣ, ки бозгӯкунандаи таъриху рӯзгори аҷдодони мост, ба худ як ҷаҳон маънӣ бардоштанд.
Даврон Хоҷаев, муовини декан оид ба илм