Хабарҳо
Забон ва меъёрҳои байналмилалӣ
21-уми феврал бо ташаббуси кафедраи забони тоҷикии донишкада бахшида ба Рӯзи байналхалқии забони модарӣ, ки ҳамасола бо қарори ЮНЕСКО таҷлил мегардад, чорабинӣ доир гардид. Онро Фирӯз Қодиров, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки забон дар шинохти миллат нақши бузург мебозад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба густариш ва ҳифзи забони модарӣ аҳамият зоҳир менамоянд ва имрӯз забони тоҷикӣ дар минтақа дорои мавқеъ ва манзалати хос аст.
Профессори кафедраи забонҳои тоҷикии донишкада Шаҳбоз Кабиров дар маърӯзаи худ, ки «Рушди забон ва риояи меъёрҳои байналмилалӣ» ном дошт, чунин қайд намуд:
- Худованд ба инсоният ду чизи муқаддас - ақл ва забонро эҳдо намудааст. Аз ин хотир, забон на танҳо воситаи муҳимтарини муошират, балки шиносномаи ҳар давлату миллат ба ҳисоб меравад. Аз байн рафтани забон нобуд шудани халқу миллатро ифода мекунад. Тоҷикон маҳз ба шарофати забон имрӯз дорои кишвари ободу соҳибистиқлол мебошанд.
Сипас донишҷӯёни факултет дар васфи забон ва сухан шеърҳо қироат намуда, панду андарзҳои бузургонро дар робита ба ин мавзӯъ пешкаши ҳозирин гардониданд. Саҳначаи «Баҳси шоҳ Ксанф бо донишманд Эзоп дар бораи забон» низ мақбули ҳозирин гардид.
Тибқи ахбори интернетӣ, дар ҷаҳон наздик ба 6800 забон вуҷуд дорад, ки нисфи онҳоро хавфи маҳвшавӣ таҳдид мекунад. Ин теъдоди тахминӣ буда, омори дақиқро касе намедонад. Зеро забон ҳамеша дар таҳаввулот аст. Ҳатто қабилаю халқиятҳое ҳастанд, ки аз онҳо танҳо як намояндаи забонӣ боқӣ мондаанд. 96 %-и аҳолии сайёра бо 300 забон гап мезананд. 100 забон ҳамчун забони расмӣ ё давлатӣ дар кишварҳои ҷаҳон эътироф гаштааст.
Насрулло Тӯйчизода