Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Сипари боэътимоди Ватан

Сипари боэътимоди Ватан

Неру ва тавоноии ҳар як давлатро маҳз артиши он муқаррар менамояд. Чӣ тавре, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд, қувваҳои мусаллаҳи мо яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони истиқлолияти давлатӣ буда, вазифаҳои муқаддасу пуршарафи дар назди онҳо гузошташударо вобаста ба ҳифзу амнияти оромии давлат ва ҷомеа, пойдории аркони давлатдорӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардуми шарифи кишвар сарбаландона иҷро карда истодаанд. 
Таҷлили 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултетҳои донишкада хотирмон сурат гирифт, ки дар рафти он устодону донишҷӯён ширкати фаъолона доштанд. 21-уми феврал дар толори конфронсии донишкада бо ташаббуси садорати факултети молия ва қарз ба ин муносибат чорабинӣ доир гардид. Декани факултет Эмомалӣ Шералиев, намояндагони Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Муҳаммадиев А. ва Қараев Х., раиси шӯрои ветеранҳои донишкада Саидалӣ Ҳаитов суханронӣ намуда, доир ба таърих ва ташаккули ин ниҳод дар Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуданд. Аз ҷавонону донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки бо дарки ҳисси хештаншиносию ватандӯстӣ дар ободонии меҳани азизи хеш саҳмгузор бошанд. 
Art4001.jpgДонишҷӯи курси 3 Турсунова М. низ доир ба Артиши миллӣ маъруза намуд. Дар фарҷоми чорабинӣ барои хизматҳои шоён баҳри тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва ташкилу баргузор намудани чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ба устодон Н. Ашуров ва С. Ҳаитов, донишҷӯи курси 1 Файззода Ф. ва меҳмонон тӯҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаи садорати факултет тақдим карда шуд. 
Чунин як чорабинии идона бо ибтикори факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ низ доир гардид. Он бо суруди ватандӯстӣ оғоз гардида, донишҷӯён дар даст парчамҳои Тоҷикистон вориди толор шуданд. Декани факултет Ғиёсиддин Ашӯров ҳамагонро ба ин муносибат табрик намуда, изҳор дошт, ки айни замон Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба яке аз артишҳои касбии минтақа табдил ёфтааст. Дар тӯли 25 сол Артиши миллии мо собит сохт, ки он ҳамчун такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат, як нерую қудратмандии низомӣ, муҳофизи фазои орому осудаи кишвар маҳсуб ёфта, баҳри ҳифзи марзу буми кишварамон собитқадамона рушду такомул меёбад. Имрӯзҳо ҷавонон бояд дар рӯҳияи ватандӯстӣ, поквиҷдонӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ кору фаъолият намуда, ҳамеша бобати бартараф кардани омилҳои манфӣ дар ҳолати омодабошӣ қарор дошта бошанд. 
Раиси шӯрои ветеранҳои донишкада Саидалӣ Ҳаитов, устоди кафедраи фаъолияти гумрук Ҳайдар Маҳмадзода ва донишҷӯёни факултет суханронӣ намуда, доир ба паҳлуҳои мухталифи фаъолияти Артиши миллӣ ва қувваҳои мусаллаҳ андешаронӣ карданд. 
Сипас қироати шеъру саҳначаҳои тарбиявӣ, ки барои баланд бардоштани маърифати толибилмон равона гардидааст, сурат гирифт. 
Чорабинӣ бо супоридани ифтихорномаҳо ба донишҷӯёни фаъоли факултет ба анҷом расид. 


Насрулло Тӯйчизода