Хабарҳо
Дарси кушод оид ба минтақаҳои сайёҳию рекреатсионӣ
Рӯзи 21 феврали соли равон Раъно Кузиева, ассистенти кафедраи фанҳои табиатшиносӣ ба донишҷӯёни курси 1, ихтисоси менеҷменти байналхалқии факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ дар мавзӯи “Минтақаҳои сайёҳию рекреатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дарси кушод гузаронид.
Дар он дар бораи мафҳум ва моҳияти захираҳои рекреатсионӣ, захираҳои рекреатсионӣ ва нақши он дар иқтисодиёти кишвар маълумот дода шуд.
Гуфта шуд, ки истилоҳи рекреатсия маънои барқароршавӣ ва истироҳатро дорад. Манзараҳои хушобу ҳавои Тоҷикистон минтақаҳои кӯҳсори ҷангалу марғзорҳои алпӣ дошта, иқлими хушк, ҳавои тозаю обҳои соф ва ғайраҳо маъхази захираҳои рекреатсионӣ гардидаанд. Ин захираҳо беш аз 45-50% қаламравро иҳота намудаанд, ки ин фоиз нисбат ба ҳамин гуна нишондиҳандаи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ зиёд аст. Кишвари мо боигариҳои бебаҳои камомӯхташуда ва наомӯхтаи обҳои шифобахш, манзараю маконҳои табобатию иқлимӣ ва варзишию тандурустӣ дорад. Захираи обҳои минералию лойқаҳои табобатии дар ҷумҳурибуда имкон медиҳанд, ки на танҳо талаботи муассисаҳои табобатии худӣ қонеъ гардонида шаванд, балки инчунин миқдори зиёди беморонро аз хориҷа қабул карда, Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон ба кишвари табобатии овозадор табдил ёбад.
Сипас донишҷӯён Исмоилов Рӯзимат дар бораи «Таърихи рекреатсия ва туризм», Турсунзода Ҷасорат оид ба чашмаҳои шифобахш, Раҳмонова Муслима дар бораи Сафед-дара, Саймуҳиддинов Сироҷиддин дар бораи минтақаҳои туристӣ, Зиёев Абдурозиқ дар бораи муаммоҳои туристии Тоҷикистон, Неъматзода Меҳроҷ дар бораи захираҳои рекреатсионӣ маълумот доданд.
Машҳура Абдуллоева