Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Таҷлили Иди ҳомиёни Ватан

Таҷлили Иди ҳомиёни Ватан

Ба ифтихори 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 22 феврали соли равон дар донишкада чорабинии бошукӯҳи фарҳангиву маърифатӣ доир гардид.
Дар он Бадриддин Мирзоев, полковник, муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ,  Абдумаҷид Муминов, намоянда аз КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино, Шаҳноза Бобоева, намоянда аз Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ иштирок доштанд.
Ҷамъомади тантанавиро ректори донишкада Шукрулло Хайрзода кушода, ҳамагонро бо ин ҷашни фархунда шодбош гуфт. Ӯ, аз ҷумла қайд кард, ки дар тӯли 25 сол Артиши миллии мо собит сохт, ки он ҳамчун такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат, як неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи фазои орому осудаи кишвар маҳсуб ёфта, баҳри ҳифзи марзу буми кишвари маҳбубамон собитқадамона рушду такомул меёбад.
Тоҷикистон бо бунёди Артиши миллӣ, ки он яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ аст, тӯли ин 25 сол озмоишҳои ҷиддиро пушти сар намуда, дар роҳи баланд бардоштани қудрати дифоии ҷумҳурӣ ва ҳифзи музаффариятҳои истиқлолияти он қадамҳои устувор мегузорад.
Имрӯзҳо ҷавонон бояд дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва поквиҷдонӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатӣ кору фаъолият намуда, ҳамеша дар омодабошӣ нисбати бартараф кардани омилҳои манфӣ ва ғояҳои ғаразноки душманони миллат қарор дошта бошанд. Дар баробари хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мову шумо вазифадорем, ки дар садоқат бар Ватан, меҳру муҳаббат ба арзишҳои волои давлату миллат ва тарбияи насли наврас саҳмгузор бошем, гуфт ректор.
Сипас полковник Бадриддин Мирзоев ба сухан баромада, аҳли нишастро бо ин ҷашни пурифтихор муборакбод намуда, аз таърихи ташаккулёбии Артиши миллии кишвар ёдовар шуд ва хизматҳои шоёни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин самт махсус таъкид дошт.
Art4001.jpgБаъдан чанд озмуни донишкадавӣ, ки бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида буд, ҷамъбаст ва ғолибон бо Диплому Ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамин тавр дар рейтинги кафедраҳои донишкада аз рӯи тамоми самтҳо - корҳои таълиму методӣ, илмию тадқиқотӣ, равобити хориҷӣ ва корҳои ташкилию тарбиявӣ ҷойи якум ба кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ бо гирифтани 225,5 хол дода шуд. Кафедраи фаъолияти бонкӣ бо гирифтани 97,5 хол дар самти таълимию методӣ, кафедраи информатикаи амалӣ бо гирифтани 32,5 хол дар самти робитаҳои байналмилалӣ, кафедраи система ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт (37,2 хол) дар самти корҳои илмию тадқиқотӣ ва кафедраи менеҷменти молиявӣ (70 хол) дар самти корҳои ташкилию тарбиявӣ ҷойи якумро сазовор гардида, бо Диплому туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Дар чорабинӣ мусобиқаи волейбол байни факултетҳо ҷамъбаст гардида, ҷойи аввал насиби факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ, ҷойи дувум - факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ, ҷойи севум насиби волейболбозони факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ гардид ва ғолибон бо Диплом ва Ҷом мукофотонида шуданд. 
Дар қисми тантанавии чорабинӣ чанд нафар ҷанговарони башардӯст, собиқадорони мақомоти қудратии кишвар ва устодони фаъоли донишкада, аз ҷумла Хайрзода Ш.Қ., Насриддинов Ф.Б., Ҳаитов С., Нозимов Ҳ., Зуҳуров М. бо медали Шӯрои собиқадорони Федератсияи Россия мукофотонида шуданд. Инчунин якчанд нафар устодон - Усмонов У., Ҷураев Х., Бобоев Ҷ., Давлатов Б., Холбобоев Р., Иноятов Ф., Гулов А., Давлатов Б., Бухориев М. бо Ифтихорномаи донишкада сарфароз гардонида шуданд.
Дар қисмати фарҳангии ҳамоиш дастаи ҳунарии донишкада бо сарварии Ҷӯрамуроди Муҳаммадназар ба аҳли нишаст суруду шеърҳои дилнишини фарогири мавзӯи ватандӯстиро бо маҳорати баланд пешниҳод ва рӯҳи ҳозиринро болида сохтанд.
Чорабинӣ дар фазои хушу ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ ҳусни анҷом пазируфт ва бояд гуфт, ки баргузории ин қабил маҳфилҳо садоқати ҳар шаҳрвандро нисбат ба Ватан афзунтар мегардонанд.


Машҳура Абдуллоева