Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!

Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!


Имрӯзҳо дар саросари кишвари азизамон 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад. 
Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қувваи бузургест, ки амнияту осоиштагии мардумро таъмин намуда, кафили сулҳу суботи ҷомеа мебошад. Артиши миллӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз озмоишҳои шадид гузашта, имрӯз ба як неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфтааст ва баҳри ҳифзи боэътимоди марзу буми кишвари маҳбубамон собитқадамона рушду такомул меёбад. 
Бояд қайд намуд, ки Ҳукумати кишвар барои таҳкими қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳсозии заминаи моддию техникӣ ва вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ менамояд. Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳои худ таъкид месозанд, ки: «Мо бояд зиракӣ ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем». Дарвоқеъ, ҳимояи марзу буми Ватан вазифаи муқаддас ва пурифтихори на танҳо хизматчиёни ҳарбӣ, балки ҳар як шахси солимфикр ва бонангу номуси давлатамон аст. Дӯст доштани Ватан ва баҳри ҳимояи он омода будан, ба қадри истиқлолияту ваҳдати миллӣ расидан ва аз сулҳу суботи кишвар шукрона кардан аз ҷумлаи арзишҳоеанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро дастури зиндагии ҳамарӯзаи хеш қарор бидиҳанд. 
Имрӯз вазифаи ҳар яки мо, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, риояи тартиботи дохилӣ ва оинномаи донишкада ба ҳисоб меравад. Дар баробари хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мо вазифадорем, ки дар садоқат бар Ватан, меҳру муҳаббат ба арзишҳои волои давлату миллат ва тарбияи насли наврас саҳмгузор бошем. 
Аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми хизматчиёни Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодону донишҷӯёни донишкадаро бо 25-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, барояшон осмони софу беғубор, тансиҳатӣ, хонаи обод ва саодати рӯзгорро таманно дорам. 


Шукрулло Хайрзода, ректори донишкада