Хабарҳо
Тоҷикистон ва бозори ҷаҳонии коғазҳои қиматнок: замина ва имкониятҳои иштирок
24.02.2018 сол. Имрӯз дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар мавзӯи «Тоҷикистон ва бозори ҷаҳонии коғазҳои қиматнок: замина ва имкониятҳои иштирок» конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир гардид. Дар кори он намояндагон аз Вазорати молия, Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар бонкҳои тиҷоратии ҷумҳурӣ, инчунин олимону мутахассисон ва устодону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Нахуст Шукрулло Хайрзода, ректори ДМИТ конфронсро ифтитоҳ бахшида, иброз дошт, ки Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ба ҳисоб рафта, дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи молия ва иқтисоди ҷумҳурӣ саҳми арзанда дорад ва кӯшишу талоши коллектив ва аҳли профессорони донишкада дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва ташкилотҳои дахлдор дар баланд бардоштани сифати таълиму тарбия чораҳои зарурӣ меандешанд. Конференсияи имрӯза низ дар доираи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ сурат гирифта, яке аз ин гуна тадбирҳост.
Ректор дар идома илова намуд, ки бозори коғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ яке аз унсурҳои муҳимми бахши молиявии иқтисодиёти мамлакат ба ҳисоб рафта, метавонад барои ҷалби маблағҳои озод ва ба соҳаҳои дигари иқтисодиёт сармоягузорӣ намудани онҳо заминаи воқеӣ гузорад.
Дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз соли 2012 инҷониб кафедраи фаъолияти биржавӣ ва коғазҳои қиматнок ҳамчун воҳиди таълимию илмии факултети молия ва қарз фаъолият менамояд, ки барои омода ва ба кор сафарбар намудани кадрҳои баландихтисоси ҷумҳуриамон нақши назаррас дорад.
Ҷамшед Нурмуҳамадиён, муовини вазири молияи ҶТ зимни маърӯзаи хеш дар мавзӯи «Вазъи муосир ва дурнамои бозори коғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» андешаҳояшро доир ба ин масъала чунин баён дошт: «Бозори коғазҳои қиматнок яке аз самтҳои муҳимми иқтисодиёти Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад. Ҷиҳати таъсиси ин бозор аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамарӯза чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Барои ташаккулёбии бозори коғазҳои қиматнок ҳанӯз солҳои аввали Истиқлолияти давлатии ҶТ - 1991 ва 1992 бо қабули қонунҳо «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» ва «Дар бораи коғазҳои қиматнок ва биржаи фондӣ» заминаи мусоид фароҳам оварда шуд. Ин ҳама шаҳодати он аст, ки Ҳукумати мамлакат ба ин самти асосии иқтисодиёт аҳамияти ҷиддӣ зоҳир менамояд.
Мавсуф дар тақвияти суханони хеш афзуд, ки қабул гардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ имкон доданд, ки раванди хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ ба танзим дароварда шавад. Дар натиҷа, табақаи нави ҷамъият - саҳмдорони ҷамъияти саҳомӣ пайдо шуданд.
Ҳамчунин дар конфронс Алишер Шерназаров, директори ҶСК «Биржаи фондии Осиёи Марказӣ» дар мавзӯи «Муаммоҳои рушди Биржаи фондии Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуд. Ӯ дар баромади хеш қайд кард, ки Биржаи фондии Осиёи Марказӣ моҳи апрели соли 2015 таъсис дода шуда, институти нави молиявии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда мебошад. Он ҳамчун платформаи ягона барои хариду фурӯши коғазҳои қиматнок маҳсуб меёбад. Ҳадафи асосии Биржаи фондии Осиёи Марказӣ ташаккули муҳити қулай, шаффоф ва боэътимоди сармоягузорӣ барои сармоягузорони хориҷӣ ва ватанӣ, фароҳам овардани имкониятҳо барои ҷалби сармояи иловагӣ барои ширкатҳо бо шароитҳои муфид дар даври кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат, манзур намудани таҷҳизоти навтарини технологӣ барои иштирокчиёни касбии бозори фондӣ, имконияти диверсификатсияи маблағҷудокунӣ ва иштирок дар савдо бо коғазҳои қиматнок барои сармоягузорон мебошад.
Мирҳаёт Ёқубов, сардори идораи амалиёт дар бозори озоди Бонки миллии Тоҷикистон бошад, мавзӯи «Батанзимдарории коғазҳои қиматнок аз нигоҳи сиёсати пулию қарзӣ»-ро бо диаграммаву нақшаҳо шарҳ дод.
Дар анҷоми ҷамъомад муҳокима ва суолу ҷавоб сурат гирифта, кори конфронс пас аз нисфирӯзӣ дар бахшҳо доир гашт.
Дар умум, дар Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ «Тоҷикистон ва бозори ҷаҳонии коғазҳои қиматнок: замина ва имкониятҳои иштирок» бозори коғазҳои қиматнок мавриди таҳлил қарор гирифт ва хулосаю пешниҳодҳои иброзгардида ба вазорату идораҳо ва ниҳодҳои молиявии ҷумҳурӣ барои омӯзиш ва пешрафт ирсол карда мешаванд, ки ин як қадами бузург дар ҳалли масъалаҳои муҳимми иқтисодиёти кишвар хоҳад шуд.
Наврӯз Ҷобиров