Хабарҳо
Дарси ватандӯстӣ
Факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ ба муносибати 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақша чорабиниҳои ДМИТ вобаста ба тадбирҳои оммавӣ ҷиҳати дар байни донишҷӯёни факултет ташкил намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ватанпарастӣ ва меҳру садоқат нисбати Ватан-Модар рӯзи 20 феврал дарси кушоди тарбиявӣ баргузор намуд.
Дар чорабинӣ меҳмонон Хоҷаев Раҳмоналӣ, майор, Хоҷаев Шералӣ, капитан, Фатоев Акрам, лейтенати калони Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Дар оғози чорабинӣ раиси Шӯрои ветеранҳои ДМИТ, Ҳайитов С. суханронӣ намуда, меҳмононро ба иди касбиашон табрику муборакбод гуфт.
Сипас меҳмони чорабинӣ Хоҷаев Раҳмоналӣ роҷеъ ба таърихи таъсисёбии Артиши миллии кишварамон сухан ронда, зикр кард, ки Қувваҳои мусаллаҳ яке аз такягоҳҳои боэътимоди давлат ба ҳисоб меравад. Зеро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ то ба имрӯз барои бунёд ва таҷдиду азнавсозии инфрасохтор, инчунин таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда ва таъминоти онҳо ба техникаву таҷҳизоти муосир эътибори ҷиддӣ медиҳад. Дар ин росто низ кадрҳои баланихтисоси соҳаро тарбия менамояд.
Номбурда дар фароварди суханрониаш аз номи худу ҳамроҳонаш барои даъват шуданашон аз ҷониби донишкада ҷиҳати иштирок дар ин чорабинии пуршукӯҳ, миннатдории худро ба раёсати донишкада ва факултет иброз дошт.
Дар интиҳо дастаи ҳунарии факултет бо қироти шеър ва иҷрои рақсу саҳначаи тарбиявӣ табъи ҳозиринро болида сохтанд.
Сайёра Сафарова