Хабарҳо
Таърихи ташкилёбии Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол
Рӯзи 21 феврал бахшида ба 25-умин солгарди Артиши миллӣ дар кафедраи фанҳои гуманитарӣ маҳфили илмӣ дар мавзӯи мавриди назар баргузор гардид. Дар маҳфил устоди кафедра Ахмедов Ф. дар мавзӯи «Таърихи ташкилёбии Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол» маърӯза намуд.
Ахмедов Ф. дар баромади худ қайд намуд, ки 23-юми феврали соли равон аз бунёди Артиши миллӣ, ки он зодаи истиқлолияти давлатӣ аст, 25 сол сипарӣ мешавад. Солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ новобаста аз он, ки кишварро вазъи ноороми ҳарбӣ – сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шурӯъ намуд. 23– юми феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гардид ва аз он вақт инҷониб ин сана ҳамчун рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама давраҳои мушкили таъсисёбии худро паси сар намуда, ба давраи мувофиқсозии сохтори худ ба воқеиятҳои амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ расид. Дар ин давра кӯшишу талош баҳри сайқал додани омодагии ҷангии ҷузъу томҳо, болоравии маҳорату малакаи касбӣ, риояи қонуният ва интизоми ҳарбӣ, ҳамзамон такмили донишу маҳорати ҳуқуқии афсарону хизматчиёни ҳарбӣ равона карда шуд.
Номбурда афзуд, ки ҷузъу томҳои ҳарбии Тоҷикистон тавассути ширкати фаъолона дар машқҳои низомии дастаҷамъии Давлатҳои Муштаракулманофеъ шуҳрату мақоми хоссаро пайдо карда, бо бештар аз 20 давлати ҷаҳон робитаю ҳамкории устувори ҳарбӣ барқарор намудаанд. Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои мавҷудияти худ борҳо собит намудаанд, ки онҳо метавонанд бар зидди ҳама гуна душманони дохиливу хориҷӣ истодагарӣ намоянд ва дар ҳифзи марзу буми хеш ҳамеша омода бошанд.
-Бо боварии комил гуфта метавонем, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дорои артиши ташаккулёфта ва тавоное мебошад, ки қодир аст дар ҳар вазъият марзу буми кишварро ҳифз намуда, ба ҳама навъи таҳдиди мусаллаҳонаи беруна ҷавоби сазовор диҳад. Артиши миллӣ таъминкунандаи сулҳу субот, амният ва оромии ҳар як кишвар мебошад,- гуфт дар фароварди маърӯзааш Ахмедов Ф.
Иқбол Ҷобиров, устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ