Хабарҳо
Муқобилият бо экстремизму терроризм мароми ҷавонон
27.02.2018. Имрӯз бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонон ва шуъбаи тарбия дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохила вобаста ба ташаккули маърифати хуқуқии ҷомеа, баланд бардоштани ҷаҳонбинии сиёсии ҷавонон, густариши ҳисси худшиносиву меҳанпарастии онҳо ва пешгирии ин қишри ҷомеа аз зуҳуроти хатарбарангези замони муосир вохӯрии кормандони ин ниҳод бо донишҷӯён баргузор карда шуд.
Дар вохӯрӣ Юсуфзода Акмал, ёрдамчии калони сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Каримзода Тоҳир, полковники милитсия ва як идда ҷавонони аъзои гурӯҳи «Авангард»-и ВКД ширкат варзиданд.
Вохӯриро Фирӯз Қодиров, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия ифтитоҳ намуда, мақсаду ҳадафҳои баргузории онро шарҳу тавзеҳ дод.
Сипас Юсуфзода Акмал бо намоиши наворҳои видеоӣ бобати тазодҳои нангини аср, ба монанди ҷиноятҳои муташаккил, терроризму экстремизм ва оқибатҳои даҳшатбори он ба ҳаёти ҷомеа баромад намуд. Ӯ ба иштирокчиёни вохӯрӣ ҳодисаҳои экстремистиву террористиро, ки аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ ба воситаи миссионерҳо роҳандозӣ гардида истодаанд, бо баёни факту далелҳои мушаххас, аз авзои қаблазҷангии кишварҳои дар зери низову буҳтонҳои экстремистиву террористӣ қарордошта дар қиёс ба вазъи феълияшон андешаронӣ намуд. Номбурда баён дошт, ки омӯзиши ҳаракатҳои эктремистиву террористӣ ва ҷалби ашхоси ноогоҳ ба ин равияҳо нишон медиҳад, ки имрӯз экстремизму терроризм дар бозори тиҷорати сиёҳ ба як навъ тиҷорати калидӣ қарор гирифтааст. Густариши ин вазъ метавонад ошуфтагиҳои даҳшатборро ба ҳаёти башарият бор сохта, доманаи ҷуғрофияи ноамниҳои ҷомеаи ҷаҳонро торафт васеъ гардонад.
Дар идомаи вохӯрӣ аз ҷониби аъзоёни гурӯҳи «Авангард» навори видеоие манзури иштирокчиён гардонида шуд, ки саросар бозгӯкунандаи ҳадафҳои муғризонаи саркардагони ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ буда, аз нақзи ҳамаҷонибаи арзишҳои инсонӣ ва куштору истисмори ваҳшатбори сокинони давлатҳое буд, ки пойбанди бозиҳои сиёсиву низоми гардидаанд.
Вохӯрӣ бо музокираву баёни андешаҳо бобати пешгирии қишри ноогоҳи ҷомеа аз пайвастан ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ба анҷом расонида шуд.
Фаридун Саидов