Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Модар - олиҳаи меҳру шафқат, роҳнамову роҳбар

Модар - олиҳаи меҳру шафқат, роҳнамову роҳбар

Бо ташаббуси шуъбаи тарбия ва шӯрои кор бо занон ва духтарон рӯзи 2 марти соли равон бо мақсади таҷлили сазовори ҷашни Рӯзи модар, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватанпарастию арзишҳои миллӣ, таваҷҷуҳ ба эҳтироми Зан – модар бо ҷалби меҳмонон, занҳои собиқадори меҳнат дар донишкада зери унвони «Модар олиҳаи меҳру шафқат, роҳнамову роҳбар» мизи мудаввар доир гардид. 
Дар кори мизи мудаввар мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино Мадаминова Мавзуна иштирок ва суханронӣ намуд. 
Чорабиниро муовини ректор оид ба тарбия Қодирова Б.А. ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши рӯҳу ҷони инсон мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд. 
Мавҷуда Давлатова, сармутахассиси шуъбаи тарбия ба сухан баромада, бузургӣ ва манзалати Зан-модарро мадҳ карда, афзуд, ки зан дар ҳама давру замон мақому мартабаи худро дошт. Аз ин ҷост, ки инъикоси нақшу мақом ва манзалати зани соҳибхираду бофарҳанг дар саҳифаи таърих ҷолибу муассир буда, дар замони соҳибистиқлолӣ нақши занони боистеъдоду лаёқатманд дар бунёди ҷомеаи навин хеле бузург аст. 
Бо мақсади бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардидани чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯён қироати шеър бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар васфи Зан – модар, сурудани таронаҳо ва саҳначаи тарбиявӣ зери унвони «Қадри Модар» пешкаш гардонида шуд. 
Инчунин Холинова Мижгона, муаллими калони кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ дар мавзӯи «Ҳуқуқ ва мавқеи зан аз нигоҳи қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Содиқова Бӯригул, муаллими калони кафедраи забони русӣ дар мавзӯи «История празднования 8-го марта» ва Бобомуродзода Фаррух, донишҷӯи курси 2, факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ дар мавзӯи «Ҷону дилам бодо фидоят, Модарам» дар назди ҳозирин бо маърӯзаҳои худ баромад намуданд. 
Гуфта шуд, ки бо мақсади тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва фаъол гардонидани нақши онҳо, як қатор қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаву барномаҳои давлатӣ оид ба тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ба тасвиб расидаанд, ки нишонаи амиқи иродаи сиёсии роҳбарияти давлат дар самти боло бурдани мавқеъ ва нақши занон дар ҷомеа маҳсуб меёбад. 
Дар анҷоми чорабинӣ ба хотири ифтихори баланди ватандӯстӣ, ҳисси масъулиятшиносӣ, меҳнати софдилона, фаъолияти бенуқсон, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас ва иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ бахшида ба Рӯзи модар ба як қатор бонувон, аз ҷумла Содиқова Б., Ҳакимова Р., Болтуева У., Ҳайдарова М., Нурмаҳмадова Р., Тағоева Р., Темурбекова С., Файзиева Ҷ., Назарамонова Д., Холинова М., Орифҷонова В., Муҳаммадиева С. Ифтихорномаҳои таъсиснамудаи донишкада супорида шуд. 


Маҳбуба Ғаффорова, мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон оид ба занону духтарон