Хабарҳо
Гулзода Маҳмадшо донишҷуёни фаъоли кишварро қабул намуд
Ин навбат дар доираи барномаи "Дар меҳмонии ректор", ки бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Вазорати маориф ва илм амалӣ гардида истодааст, рӯзҳои 1-2 марти соли равон мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонон ва донишҷӯёни фаъоли муассисаҳои касбиву олии кишварро Гулзода Махмадшо - ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино ба ҳузур пазируфт.
Дар ин ҳамоиш, ки субҳи рӯзи 1 марти соли ҷорӣ, соати 9:30 дар саҳни бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино оғоз ёфт, Абдуллозода Аҳтам Рустам - раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Амирбекзода Ҳабибулло - муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Носирҷон Буриев - намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагон аз дигар сохторҳои пешбарандаи ҷомеа низ ширкат варзиданд.
Мақсад аз роҳандозии ин иқдом ташаккули тафаккури зеҳнии ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии онҳо, густариши раванди боҳамоиву рафоқати миёни ин қишри ҷомеа ва бо ин васила татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон ба шумор меравад.
Рӯзномаи барномаи дар меҳмонии ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Ибни Сино фарогири конференсияҳо, мизҳои мудаввар, семинарҳо, тренингҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ ва шоми ҷавонӣ буд, ки ҳамагӣ ба масоили рӯзмарраи ҷавонон равона шуда, мубрамияти худро дошт.
Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш Назарзода Алишер - сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон, донишҷӯён Муҳаммади Маҳмадулло, Мерганова Фарзона ва Файззода Фаридун намояндагӣ намуданд.
Бояд гуфт, ки лоиҳаи мазкур соли 2017 бахшида ба Соли ҷавонон роҳандозӣ гардида, он дар як марҳила бештар аз 3 сол идома хоҳад ёфт, ки дар ҷараёни он донишҷӯёни фаъоли муассисаҳои касбиву олии кишварро бо навбат ректорон қабул намуда, дар доираи барномаҳои мухталифи илмиву технологӣ, маънавию фарҳангӣ, сайёҳиву тиббӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву миллӣ онҳоро аз навгониҳои ҷаҳони муосир ошно месозанд.
Фаридун Саидов