Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Бояд ки китобхона дар сина бувад…

Бояд ки китобхона дар сина бувад…

Ҷиҳати тарғибу ташвиқи китобхонӣ дар байни ҷавонон бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсияи донишкада рӯзи 3 марти соли равон мулоқоти кормандону донишҷӯён бо Ҳунармандони мардумии Тоҷикистон, ровии шинохта Ортиқи Қодир ва коргардон Давлат Убайдуллоев доир гардид. 
Ректори донишкада Шукрулло Хайрзода маҳфилро ифтитоҳ намуда, ҳузури ҳунармандони шинохтаро ба донишкада хайрамақдам гуфт. Чӣ тавре, ки зикр намуд, солҳои қаблӣ бисёрии мо тавассути оинаи нилгун ин чеҳраҳои шиносро медидему аз ҳунарашон баҳравар мегаштем ва орзу мекардем, ки аз наздик онҳоро бинем. Маҳз тавассути китоб инсон метавонад ҷаҳонии маънавии худро ғанӣ гардонида, ба умқи он ғӯтавар гардад ва дурдонаҳои маънӣ бичинад. Зеро китобхонӣ беҳтарин хислати инсон буда, хастагиро рафъ месозад ва барои кашфи хислатҳои беҳтарини инсонӣ сабабгор мегардад. Аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки вақти худро самаранок истифода бурда, бештари онро ба китобхонӣ равона созанд. 
Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ортиқи Қодир дар баромади худ изҳор дошт, ки аз он хурсанд аст, ки дар чунин ҳамоиши зебою пурмаънӣ, ки дар рӯзҳои нахустини баҳор доир мегардад, ширкат меварзад. Номбурда аз солҳои донишҷӯии худ ёдовар шуда, афзуд, ки он солҳо низ қисме аз мардуми равшанфикр дар фикри хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ буданд, вале озодона ва ошкоро наметавонистанд ифтихори хешро баён созанд. Ҳоло ки даврони истиқлолият аст ва мо дар кишвари орому осуда зиндагӣ дорем, бояд барои тарғиби дастовардҳои фарҳангии худ вазифадор бошем. 
Kitob4001.jpg- Мо соатҳо дар китобхонаи Фирдавсӣ ба хотири дарёфти китоби дилхоҳамон навбат меистодем. Имрӯз Шумо, насли истиқлолият хушбахт аз онед, ки тамоми шароитҳо муҳайё буда, китобхонаҳои электронӣ низ дар донишкадаатон мавҷуд аст, - афзуд О. Қодир. Дар охири суханронии худ барои ҳозирин шеъри Фарзона «Садои сабзи имон»-ро қироат кард. 
Коргардони шинохта Давлати Убайдулло низ зимни суханронии худ аз ифтихори миллӣ ва арзишҳои маънавӣ ҳарф зада, иброз дошт, ки дар таърихи башарият ниёгони мо маҳз бо фарҳанги волои худ маълуму машҳур буда, аз худ мероси пурарзиши фарҳангӣ боқӣ мондаанд. Мо аввалин қавми китобдору китобнавис будем ва ҷаҳонро бо ҳикмату маънӣ тасхир намудем. Аввалин китоб «Авасто» моли мо буда, коми тоҷикро бо шеър бардоштаанд. Аз ин хотир, дар рагу пайванду мо бояд ҳисси ифтихор ва нишони эҳтиром ба фарҳангу маънавиёт ва китоб ҷой дошта бошад. 
Сипас донишҷӯёни донишкада порчаҳои насрию назмиро аз асарҳои «Шоҳнома»-и А. Фирдавсӣ, «Субҳи ҷавонии мо»- и С. Улуғзода, «Модарнома»-и Р. Гадоалиева, «Имконияти омории муҳаббат аз нигоҳи аввал»- и Р. Ҷозеф, «Мактуби Онегин ба Татяна» аз «Евгений Онегин»-и А. С. Пушкин бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ қироат намуданд. Дар баргузории маҳфил донишҷӯён Ҳилола Шукурова, Нозанини Сорбон, Таҳмина Шарофзода, Ҳазрат Абдуқодиров, Сафаргул Вализода ва дигарон иштироки фаъолона доштанд. 
Дар охир, Ортиқи Қодир бори дигар суханронӣ намуда, ба ҳунари донишҷӯён баҳои баланд дод ва тибқи дархости онҳо таронаи «Биё, то мӯниси ҳам бошем»-ро қироат намуд. 


Насрулло Тӯйчизода