Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҳашари умумӣ баҳри ободонӣ

Ҳашари умумӣ баҳри ободонӣ

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон №05/1-1814 аз 1 марти соли 2018 бо мақсади ба роҳ мондани корҳои ободонӣ ва тозаву озода гардонидани кӯчаю хиёбон, маҳаллаҳои аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ҷудогардида ва гирду атрофи биноҳои таълимию хобгоҳҳои донишҷӯён дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон рӯзҳои 3-4 март ҳашари умумӣ доир гардид. 
Дар шанбегӣ рӯзи 3 март кормандони қисмати хоҷагидорӣ ва рӯзи 4 марти соли 2018 устодону кормандони донишкада дар умум, зиёда аз 400 нафар аз соати 800-и субҳ сар карда, то соати 1200 аз кӯчаи Борбади ноҳияи Сино (масҷиди католикӣ аз ду тарафи роҳ) то ҳудуди бозори Деҳқон, кӯчаи Нахимов 64/14 бо гузаргоҳҳояш, кӯчаҳои Мир ва Юсуф Вафоро тоза карданд. Ҳамчунин заминҳои наздиҳавлигӣ, бехи дарахту буттаҳои биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои донишҷӯён мулоим карда, ҷӯйборҳои обгузар аз партовҳо тоза карда шуд. 
Инчунин кормандони раёсати хоҷагидорӣ дар дохили биноҳои таълимӣ ва биноҳои хобгоҳҳо корҳои тозаву ободониро, ба монанди рӯбучини баргҳои хушки дарахтон, шустани роҳраву дарахтон, дару тирезаҳои биноҳои таълимӣ, хобгоҳҳо ва бартараф намудани чангу ғуборҳоро ба анҷом расониданд. 
Аҳли коллективи меҳнатии донишкада ҳама вақт барои ободонию хуррамгардонии сарзамин омода буда, дастаҷамъона барои он фаъолият мебаранд. 
Ёдовар мешавем, ки ин қабил шанбегиҳо ҳар ҳафта идома меёбанд. 


Машҳура Абдуллоева