Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баррасии масъалаҳои муҳоҷирини ҷавонон дар доираи конференсияи ҷумҳуриявӣ

Баррасии масъалаҳои муҳоҷирини ҷавонон дар доираи конференсияи ҷумҳуриявӣ

Санаи 2 марти соли ҷорӣ дар толори Бонки миллии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ зери унвони "Муҳоҷирати ҷавонон дар ҷомеаи муосир-ҷанбаҳои демографӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ" баргузор карда шуд. 
Дар кори конференсия Абдуллозода Аҳтам Рустам - раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамидулло Машраб - муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Аҳмадзода Дилноза Даврон - муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ғайратзода Саидакрам Ҳимат - мушовири калони Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила, ҳафзи ҳуқуқ ва саломатии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, вазоратҳои корҳои дохилӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кумитаҳои кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, рушди сайёҳӣ, Агентии омори назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, КВД "Биржаи меҳнатии ҷавонон", муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, ташкилотҳои кор бо ҷавонон, институтҳои молиявӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва расонаҳои иттилоотӣ ширкат варзиданд. 
Дар қисмати ибтидоии конференсия Абдуллозода Аҳтам Рустам ва Ҳамидулло Машраб сухан намуда, ҳалли масъалаҳои марбут ба муҳоҷирини меҳнатии ҷавононро василаи ҳимояи манфиатҳои онҳо дар хориҷи кишвар ном бурданд. 
Қайд карда шуд, ки дар ҷомеаи муосир муҳоҷирати меҳнатӣ як василаи ба даст овардани манфиатҳои молиявӣ, ташаккули вазъи иҷтимоиву зиндагонии мардум ва ҳамзамон густариши иқтидори иқтисоди миллии кишварҳо гардидааст. Кишваре нест, ки аз ин падида дар канор бошад. Аммо тақозои замон ин аст, ки мо сифати касбияту шахсияти муҳоҷирини меҳнатиамонро ба меъёрҳои стандарти байналмилалии муҳоҷират ва талаботи бозори меҳнати байналмилалӣ мутобиқ созем, то ба ин васила имиҷи муҳоҷирини меҳнатӣ дар модели мусбияташ ташаккул ёбад. 
Дар идомаи конференсия мавзӯъҳое, ба монанди "Масъалаҳои танзими ҳуқуқии муҳоҷирати ҷавонон дар ҷомеаи муосир", "Фарогирӣ бо таҳсилот ва шуғл", "Муҳоҷирати ҷавонон дар ҷомеаи муосир-ҷанбаҳои демографӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ", "Имкониятҳои рушди сайёҳӣ дар кишвар", "Гендер ва муҳоҷират", "Баҳисобгирии омории равандҳои муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҷанбаҳои иҷтимоию иқтисодии он", "Шуғлнокӣ ва интихоби касб дар ҷомеаи муосир миёни ҷавонон», «Ташаккули имиҷи муҳоҷирони ҷавон - василаҳо ва роҳҳои расидан ба мақсадҳо», "Кӯчиши мағзҳо - ҷанбаҳои демографӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии он", "Миграция-экономические плюсы и социальные минусы", "Дастрасии молиявӣ, технологияҳои молиявӣ ва имкониятҳое, ки он барои муҳоҷирон пешниҳод менамояд" мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 
Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистонро дар ин конференсия Давлатзода Абдулло Давлат - сардори шуъбаи кор бо ҷавонон намояндагӣ карда, вобаста ба масъалаи «Ташаккули имиҷи муҳочирони ҷавон - василаҳо ва роҳҳои расидан ба мақсадҳо» сухан намуд. 
Кори конференсия бо муҳокимаву хулосабарорӣ ва қабули қатънома бобати масъалаҳои муҳоҷирати ҷавонон ба интиҳо расид. 


Фаридун Саидов