Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Фаъолияти ҳизбии КИ «Молия ва иқтисод» қаноатбахш арзёбӣ шуд

Фаъолияти ҳизбии КИ «Молия ва иқтисод» қаноатбахш арзёбӣ шуд

5 марти соли равон ҷаласаи ҳисоботии Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Молия ва иқтисод»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино баргузор гардид. Дар кори он Зарина Файзуллозода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино, Носирҷон Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино, ректори ДМИТ Хайрзода Шукрулло ва аъзоёни ҲХДТ дар донишкада ва ҳайати васеи кормандону устодон иштирок доштанд. 
Рӯзномаи маҷлис ду масъаларо дар бар мегирифт, ки аз рӯи масъалаи якум ҳисоботи муовини раиси КИ ибтидоии «Молия ва иқтисод»-и ҲХДТ дар ноҳияи Сино дар соли 2017 Хайрзода Ш.Қ. баромад карда, дар бораи фаъолияти КИ ибтидоии номбурда маълумоти муфассал дод ва қайд намуд, ки теъдоди аъзоёни ҳизб аз ҳисоби устодону донишҷӯёни ватандӯсту фаъол сол ба сол меафзояд. Айни ҳол шумораи аъзоёни ҳизб ба 1787 нафар расидааст, ки аз ин 385 нафарро омӯзгорону кормандон ташкил мекунанд. Дар соли 2017 ба сафи ҲХДТ 65 нафар қабул карда шуданд. Аъзоёни ҳизбро асосан устодони унвондор ва шахсони масъулиятшиносу фаъол ташкил мекунад ва дар қабули аъзоён ба сифат бештар аҳамият дода мешавад, гуфт мавсуф. 
Hzb4001.jpg- Бояд гуфт, ки мо дар марҳилаи пешравии камолот, таҳкими интизоми ҳизбӣ, андухтани малакаву маҳорати корҳои ҳизбӣ қарор дорем. КИ самти фаъолияти худро ба талаботи замон мувофиқ гардонида, дар ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ аз худ ташаббус нишон медиҳад. Дар ин замина дар донишкада якчанд чорабиниҳо гузаронида шуданд, ки барои расидан ба ҳадафҳои ҳизбӣ ва худогоҳиву хештаншиносии ҷавонон нақши бориз доранд. Ҳадафи асосии мо ин баланд бардоштани нуфузи ҳизб дар ҷомеа, мусоидат намудан дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсии шаҳрвандон, таблиғи ғояҳои ҳизб дар байни ҷавонон ва ба корҳои созандагию бунёдкорӣ сафарбар намудани онҳо мебошад, таъкид намуд ректор. 
Сипас Файзуллозода З. баромад карда, фаъолияти КИ ибтидоии «Молия ва иқтисод»-и ҲХДТ-ро қаноатбахш арзёбӣ кард ва саҳми ин кумитаро дар баргузории чорабиниҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ назаррас донист. Ӯ аз аъзоёни ҳизб даъват ба амал овард, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки чанде пеш дар назди аъзоёни ҳизб ироа гардидаанд, нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, аз рӯи он фаъолияти ҳизбиро дуруст ба роҳ монанд. 
Дар музокира Насриддинов Х., Давлатзода А., баромад ва фаъолияти яксолаи КИ ибтидоии «Молия ва иқтисод»-ро қаноатбахш арзёбӣ карда, барои пешравии кори минбаъда якчанд пешниҳодҳои муфид намуданд. 
Аз рӯи масъалаи дувуми ҷаласа бо сабаби бозхонд шудани раиси КИ ибтидоии «Молия ва иқтисод»-и ҲХДТ дар ноҳияи Сино Давлатзода Қ.Қ. раиси нави кумита ва аъзоён интихоб гардиданд. Ҳамин тавр, Хайрзода Шукрулло бо як овоз раиси КИ ибтидоии «Молия ва иқтисод»-и ҲХДТ дар ноҳияи Сино интихоб гардид. 
Дар ҷамъбаст ба якчанд нафар аъзоёни фаъоли ҳизб Сипоснома ва Ифтихорномаи КИ ҲХДТ дар н. Сино тақдим гардид ва ба аъзоёни нави ҳизб дафтарчаи ҳизбӣ супорида шуд. 


Машҳура Абдуллоева