Хабарҳо
Туро замзамаи «Алла»- ат машҳури дунё кард, модар!
Рӯзи 5 марти соли равон бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи модар дар толори фарҳангии Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон Фестивали ҷумҳуриявии «Суруди Модар-Алла» баргузор карда шуд.
Сараввал Абдуллозода Аҳтам Рустам - раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бонувонро бо фарорасии фасли зебои баҳор ва Рӯзи модар таҳният намуда, баён дошт, ки модар ҳамчун олиҳаи зебоӣ ва офарандаи назокату шодиҳои рӯзгор ибтидобахши ҳаёти мусаффои башарият аст, ки ӯ бо қувваи худ рӯзгори насли хешро рӯшаноии абадӣ мебахшад.
Сипас ҳаваскорону ҳунармандони ҷавон, ки аз ҳама гӯшаву канори кишвар ҷамъ омада буданд, бо замзамаи сурудҳои нотакрори худ дили иштирокчиёни фестивалро тасхир намуданд.
Фестивал ба хотири гиромӣ доштани шахсияти модар ва ташаккули арзишҳои суннатии оиладории тоҷикон роҳандозӣ гардида, дар баланд бардоштани ҳувияти милливу хештаншиносии насли ҷавон мусоидаткунанда арзёбӣ карда шуд.
Дар ин чорабинӣ ҳудудан 50 нафар донишҷӯдухтарони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ иштирок варзиданд.
Меҳрангез Воҳидова, аъзои намояндагии кор бо ҷавонони ДМИТ