Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Хатмкунандагон аз ДМИТ дидан карданд

Хатмкунандагон аз ДМИТ дидан карданд

Аз 2 то 10 марти соли равон дар донишкада бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари довталабон «Рӯзи дарҳои кушод» доир гардид. Ба иттилои Асадулло Муллоҷонов - котиби масъули комиссияи қабули соли таҳсили 2018-2019 дар ин маърака муҳассилин - хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт ва ноҳияҳои тобеи марказ иштирок доштанд. Оид ба ҳар як ихтисос ба довталабон гӯшаи махсус таъсис дода шуда, садорати факултетҳо дар бораи ихтисосҳои мавҷудбуда маълумоти лозима пешниҳод менамоянд. 
Довталабон дар баробари шиносоӣ аз ин комёбиҳо боз аз шароити фароҳамовардашудаи синфхона, китобхонаи илмӣ ва электронӣ, хобгоҳҳо, марказҳои тестӣ, толорҳои фарҳангӣ ва варзишгоҳи замонавии ДМИТ дидан карданд. 
Ба довталабон буклет ва шумораи махсуси рӯзномаи донишкадавии «Молия ва иқтисод», ки муаррифгари ихтисосҳои роиҷи он аст, тақдим карда шуд. Қобили зикр аст, ки имрӯз донишкада аз рӯи 40 ихтисос мутахассис омода месозад, ки бозори меҳнат воқеан ба чунин мутахассисон ниёз дорад. 
Соли ҷорӣ боз як ихтисоси дигар – менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ кушода шуд, ки ихтисоси замонавист ва ба он талабот зиёд аст. 
Рӯзи дарҳои кушод дар донишкада то 10 марти соли равон давом хоҳад ёфт. 


Машҳура Абдуллоева