Хабарҳо
МОДАРОН ВА БОНУВОНИ ГИРОМӢ!
Дар ин рӯзҳои нахустини баҳорӣ, яъне оғози зиндашавии табиат бо самимият ва ихлос ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи Модар табрику таҳният мегӯям. Бароятон тансиҳативу саодатмандӣ, бахту иқболи баланд ва шодкомию хушрӯзиҳо таманно дорам.
Ба шарофати Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусу дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи Модар аз нав эҳё шуд. Аммо новобаста ба он ки Рӯзи Модарро дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн мегиранд, модар поктарин, меҳрубонтарин ва шоистатарин инсон барои парастишу хидматгузорист. Модар аз азал ва дар ҳама давру замон иззату икром ва эҳтироми хоссаро сазовор буду ҳаст. Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин буда, зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Зан – модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, нахустин муаллими фарзанд мебошад. Худованд ба Зан-модар қудрате ато фармуда, ки офарандаи ҳаёт ва чароғи ҳар хонадон бошад.
Имрӯз манзалати Зан-Модар дар ҷомеаи мо боло рафта, модарону хоҳарони азизи мо рисолати хешро дар ҳамаи соҳаҳои муҳимми хоҷагии халқ сарбаландона ба ҷо оварда, сазовори ҳурмату эҳтироми баланди аҳли ҷомеа гардидаанд. Нақши занону модарон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад. Зани тоҷик табиатан тарбиятгари тавоно буда, бо хоксориву меҳрубониаш марҳами дили дардмандон аст.
Боиси ифтихори мост, ки дар донишкада 244 нафар бонувон кору фаъолияти пурсамар доранд. Дар байни онҳо 4 нафар доктори илм, 14 нафар номзади илм ва 134 нафар занҳои омӯзгоранд, ки дар баланд бардоштани савияи донишу малакаи ҷавонон саҳми арзанда мегузоранд. Дар донишкада зиёда аз 1400 нафар донишҷӯдухтарон дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона таҳсил менамоянд. Мо бо бонувон ва донишҷӯдухтарони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ифтихор дорем.
Беҳтарин садои зиндагӣ таппиши қалби Зан – Модар аст. Бинобар ин таманно мекунем ин офтоби нозанини зиндагӣ ҳамеша дурахшон бимонад.
Ин рӯзи зебо, яъне Рӯзи Модарро барои тамоми модарону бонувони арҷманд аз самими ҷон табрик гуфта, беҳтарин таманниётро барояшон ирсол медорам ва аз номи шоир мегӯям:
Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар зери қудуми модарон аст.
Хоҳӣ, ки ризои мо биҷӯӣ,
Он кун, ки ризои модарон аст.
Ректори ДМИТ Шукрулло Хайрзода