Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Намоиши беҳтаринҳо дар озмун

Намоиши беҳтаринҳо дар озмун

Рӯзи 6 марти соли 2018 бо ташаббуси шуъбаҳои тарбия ва кор бо ҷавонон ҷиҳати иҷрои талаботи мактубҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон: №05/5-328 аз 22 январи соли 2018, №05/2-1603 аз 20 феврали соли 2018, №05/2-1771 аз 28 феврали соли 2018 ва дар робита ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», таҷлили сазовори ҷашни Рӯзи Модар дар донишкада миёни донишҷӯёни факултетҳо ва шуъбаи магистратура озмуни «Беҳтарин гӯшаи деворӣ, қироати шеър дар васфи Модар» ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуд.
Мувофиқи фармоиши ректори донишкада Низомномаи баргузории озмун ва ҳайати комиссия аз ҳисоби устодону кормандони собиқадор бо мақсади баҳогузорӣ ба гӯшаҳои омодагардидаи донишҷӯёни факултетҳо ва шуъбаи магистратура таъсис дода шуд.
Иштироккунандагони озмун дар намоиши гӯшаҳо маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, тарзи омода намудани хӯрокҳои миллӣ ва қироати шеърро дар васфи модар ба ҳамагон пешкаш намуданд. 
Қайд кардан ба маврид аст, ки донишҷӯён ва магистрантони донишкада бо дарки баланди масъулиятшиносӣ дар рӯҳияи ватанпарастию арзишҳои миллӣ, суннатҳои бостонӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ, омода намудани хуришҳои миллӣ, рушди маънавиёти фарҳангию сиёсӣ, маърифатию ҳуқуқӣ, бунёди фардои оилаҳои солим ва таваҷҷуҳ ва эҳтиром ба Зан – Модар дар сатҳи баланд омодагӣ диданд.
Ҳамин тавр, ҳайати ҳакамон ҳунару маҳорати иҷрокунандагонро ҳаматарафа баҳогузорӣ намуда, ғолибонро муайян намуданд. Ҷойи аввал насиби донишҷӯёни факултети молия ва қарз, ҷойи дувум насиби шуъбаи магистратура ва ҷойи севумро факултетҳои ҳисобдорӣ ва омор ва муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ бо ҳам диданд. Ғолибон бо Диплом мукофотонида шуданд. 
Баргузории ин қабил озмунҳо барои тақвияти худшиносии миллии ҷавонон мусоидат намуда, дар тарғиби ҳунарҳои мардумӣ ва болобурди манзалати Зан-Модар дар ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад.


Бегмурод Раҷабов, мудири шуъбаи тарбия