Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Нишони эҳтироми Зан-Модар

Нишони эҳтироми Зан-Модар


Бо мақсади арҷгузорӣ ба манзалати Зан-Модар рӯзи 7 марти соли равон дар донишкада чорабинии маърифатию фарҳангии пуршукӯҳ баргузор гардид. 
Онро ректори донишкада Шукрулло Хайрзода бо сухани табрикотӣ оғоз намуда, бонувону донишҷӯдухтарон ва дар симои онҳо тамоми модарони кишварро бо Рӯзи Модар муборакбод намуд. Ӯ дар бораи ҷойгоҳи зан дар ҷомеа истода гузашта, афзуд, ки имрӯз бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи зан дар ҷомеа боло рафта, бонувон дар қатори мардон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ сарбаландона фаъолияти самарманд доранд. Мавсуф бузургии модарро чунин тасвир намуда, гуфт: 

Mdr4001.jpg- Бузургии Зан-модар дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва бакамолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллист. 
Баъдан меҳмони чорабинӣ – Саидалӣ Шамсов, мудири бахши ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино баромад карда, бо ин рӯзи фараҳманд бонувонро табрик намуда, аз бузургон дар бораи фазилати модар андарзҳо овард. 
Гуфта шуд, ки агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ, ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии Зан-модар вобаста аст. Нақши модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавӣ ва ҷисмонии фарзанд хеле барҷаста аст. 
Дар идома барои нақши созанда ва ташаббускорӣ дар фаъолияти хизматӣ ва тарбиявӣ ба бархе аз бонувони фаъоли донишкада дар вазъи тантанавӣ Ифтихорнома супорида шуд, ҳамчунин ба Қодирова Б. ва Давлатова М. Сипосномаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино тақдим гардид. 
Базми идонаро суруду рақсҳои дилошӯб дар васфи модар, композитсияи мусиқӣ ва саҳначаҳои ҳаҷвии омоданамудаи бахши фарҳанги донишкада бо роҳбарии ҳунарманди асил Ҷӯрамуроди Муҳаммадназар шукӯҳу ҷалоли дигар бахшид. Базми мутантан ифодакунандаи меҳру муҳаббат, ситоиш, арҷгузорӣ ва таваҷҷуҳи беандоза ба бузургию манзалати зан-Модар буд. 

Машҳура Абдуллоева