Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Дар арзҳои дӯстӣ

Дар арзҳои дӯстӣ

Боиси хушнудист, ки муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз нав ба таври густурда ба роҳ монда шуда, ин ду миллати бо ҳам дӯсту бародар аз нав имкон доранд дар кулли самтҳо ҳамкориҳоро ба роҳ монанд. 
Ташрифи расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки субҳи имрӯз 9.03.2018 сурат гирифт, ифодагари рамзи дӯстии ногусастании ин ду миллати ҳамсоя мебошад. ДМИТ низ имрӯз аз ҳамсоякишвари Ӯзбекистон меҳмон дошт. 
Сокини шаҳри Ҷарқӯрғони вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон Икромов Мӯъмин Раҳматуллоевич соли 1999 ба Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ дохил шуда, онро бо ихтисоси андоз ва андозбандӣ дар соли 2004 хатм намуд. Имрӯз ӯ ба донишкада омада, ҳуҷҷати расмии тасдиқи диплом ва замимаи дипломашро дастрас намуд. Муовини ректор оид ба таълим А. Нурализода зимни супоридани ҳуҷҷатҳо аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки ДМИТ минбаъд бо ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбекистон ҳамкориҳои худро ба таври густурда ба роҳ хоҳад монд. 
- Ман аз сарҳад бе ягон мушкилӣ гузашта омадам. Аз роҳбарияти ҳарду кишвар миннатдорем, ки роҳҳоро боз намуданд. Душанбе шаҳрест, ки давраи наврасию ҷавонии ман сахт ба он вобаста аст. Имрӯз бошад, ҳамаи мо имкон дорем ба кишварҳои ҳамдигар озод рафтуомад намуда, аз дидори ёру дӯстон ва хешовандон баҳравар шавем. Фикр мекунам, бо кушода шудани сарҳадҳо шумораи хоҳишмандоне, ки дар ДМИТ таҳсил намудан мехоҳанд, аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон минбаъд меафзояд. Зеро донишкадаи шуморо хеле ободу зебо дарёфтем, - мегӯяд М. Икромов. 


Насрулло Тӯйчизода