Хабарҳо
Имкониятҳои татбиқи лоиҳаҳо
9-уми марти соли равон дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо иштироки намояндаи ташкилоти ҷамъиятии «Пайванди ҷавонони Тоҷикистон» бо ҳамкории ташкилоти ғайритиҷоратии байналмилалии «Enactus» Саидумар Умаров семинар-тренинг дар самти татбиқи лоиҳаҳои тиҷоратии аҳамияти рушди иқтисодию иҷтимоидошта баргузор гардид. Дар вохӯрӣ муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Баҳром Сафаров, кормандони шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, директори Парки технологии донишкада Фаридулло Убайдуллоев ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд.
Сухани ифтитоҳиро Б. Сафаров оғоз намуда, ба меҳмон барои ташриф оварданашон ба донишкада арзи сипос намуд. Сипас С. Умаров ба ҳозирин бо истифода аз презентатсия дар бораи ҷамъияти «Пайванди ҷавонони Тоҷикистон» ва ташкилоти ғайритиҷоратии байналмилалии «Enactus» маълумот дод.
Ҳадафи баргузории семинар-тренинг тарзи дуруст таҳия намудани лоиҳаҳои инноватсионӣ ва ташкили гурӯҳи кории лоиҳанависон дар байни донишҷӯён буд, ки барои сайқал додани тафаккури донишҷӯён нақши муҳим мебозад.
Дар охир байни устодону донишҷӯён ва баромадкунанда саволу ҷавоб сурат гирифт.
Насрулло Тӯйчизода