Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Модар - офарандаи ҳаёт

Модар - офарандаи ҳаёт

5 марти соли равон дар толори фарҳангии бинои таълимии № 3 аз ҷониби куратори курси 1 – уми ихтисоси менеҷменти инноватсионии факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ Қарахонова Нигина бо иштироки раёсати донишкада, садорати факултет, устодону кормандон ва донишҷӯён чорабинии тарбиявӣ баргузор гардид. Чорабинӣ таҳти унвони «Модар - офарандаи ҳаёт» доир шуда, дар он донишҷӯён дар робита ба қадру манзалати модар ва эҳтироми он суханронӣ намуданд. 
Дар оғоз декани факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ М. Содиқов суханронӣ намуда, ҳамагонро ба муносибати Рӯзи Модар таҳният намуд. Зикр сохт, ки имрӯз ҳукумати кишвар барои баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа тадбирҳои назаррас андешида истодааст. Аз ин ҷост, ки сол то сол шумораи бонувон дар муассисаҳои давлатӣ меафзояд. Имрӯз зани тоҷик ҳам роҳбар, ҳам мутахассис ва ҳам модари мушфиқу меҳрубон аст. 
Дар чорабинӣ донишҷӯён бахшида ба Рӯзи Модар барномаи ҷолиб иборат аз шеъру тарона, рақс, саҳначаҳои тарбиявӣ ва қироати шеър дар васфи Зан – Модарро пешкаши иштирокдорон намуданд. Дар баргузории маҳфил донишҷӯён Шаҳриёр Ҳасанов, Шукрулло Ҳусейнов, Гулдаста Содиқова, Шаҳноза Раҷабова ва дигарон иштироки фаъолона доштанд. 


Насрулло Тӯйчизода