Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Нақши аудити дохилӣ дар рушди субъектҳои хоҷагидорӣ

Нақши аудити дохилӣ дар рушди субъектҳои хоҷагидорӣ

Рӯзи 5 марти соли равон бо ташаббуси кафедраи аудит ва ревизия мизи мудаввари донишкадавӣ дар мавзӯи «Нақши аудити дохилӣ дар рушди субъектҳои хоҷагидорӣ» баргузор гардид. 
Дар кори он Қодиров Ф. А., муовини ректори ДМИТ оид ба илм ва инноватсия, Исматов А.Ҳ., директори ҶДММ «Шарқ-Аудит», Мирзохонов С.О., н.и.и., дотсенти кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок ва баромад намуданд. 
Дар доираи барномаи мизи мудаввар Исматов А.Ҳ., дар мавзӯи «Асосҳои таҷрибавии аудити дохилӣ дар бонки тиҷоратӣ» ва Мирзохонов С.О. дар мавзӯи «Муаммоҳои ҷоринамоии стандартҳои байналмилалии аудити дохилӣ дар субъектҳои хоҷагидории Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза карданд. 
Гуфта шуда, ки муаммоҳои беҳсозии низоми назорати дохилӣ дар субъектҳои хоҷагидорӣ яке аз масъалаҳои актуалӣ маҳсуб меёбад. Аудити дохилӣ ҳамчун фаъолияте дониста мешавад, ки амалҳои назоратиро бо ёрии муқоисаи маълумотҳои ҳақиқӣ бо маълумотҳои баҳисобгирии муҳосибӣ ба роҳ монда, ҳатоиҳои мавҷудбударо ошкор ва баҳо медиҳад. Аудити дохилӣ ба самти ошкоркунии фарқиятҳо нисбат ба қарорҳои идоракунии қабулшуда, қабул ва истифодаи принсипҳои ташкил ва танзим ва дар натиҷаи ошкор намудани фарқиятҳои ба амал омада мебошад. 
Мақсади аудити дохилӣ ин омӯзиш ва баҳои объективона додан ба ҳолати корҳо, ба низоми таҳлилии дар объект вуҷуддошта аз рӯи амалисозӣ ва таъминоти бомуваффақияти иҷроиши нишондодҳои иқтисодии корхонаю муассиса мебошад ва онро самарнок анҷом додан барои ошкоркунии омилҳои манфӣ мусоида менамояд. 
Дар охир ба баромадкунандагон саволҳо дода шуд ва ба онҳо ҷавобҳои қонеъкунанда гирифта шуд. 


Аҳмадҷонова С., устоди кафедра