Хабарҳо
Дар чорсӯи тамаддуни Наврӯз
10 марти соли 2018 дар доираи нақшаи чорабиниҳои ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонони факултетҳои менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ ва иқтисоди молиявӣ ва ва андозбандӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи модар ва Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии фарҳангӣ зери унвони «Дар диёри тамаддуни Наврӯз» баргузор карда шуд.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Ҷовид Боймуродов-мутахассиси шуъбаи тарбия ифтитоҳ гардид. Номбурда вобаста ба сайри таърихии фарҳанги наврӯзӣ ва манзалати Зан-модар дар фарҳанги миллати тоҷик сухан намуда, ин дуро муъҷизаи кирдгор ном буд.
Чорабинии мазкур аз кисмати намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва базмгоҳи фарҳангу адаб иборат буд. Дар қисмати аввал донишҷӯён ҳунарҳои мардумии халқи тоҷикро мавриди намоиш қарор доданд, ки он бозгӯкунандаи фарҳанги ғании миллати тоҷик маҳсуб меёфт.
Дар қисмати базми фарҳангу адаб бошад, намоишҳои саҳнавии тарбиявӣ, санъати суханвариву шеърхонӣ ва базму тараби ҷавонӣ доир карда шуд.
Минбаъд низ чунин чорабиниҳо роҳандозӣ хоҳанд шуд.
Ҷамшед Нуров, аъзои намояндагии кор бо ҷавонони ДМИТ