Хабарҳо
Низоми буҷети давлатии Тоҷикистон
Рӯзи 13 март маҳфили илмии кафедраи менеҷменти молиявӣ таҳти унвони «Менеҷер - сармоягузор» дар мавзӯи «Буҷети давлатӣ ва низоми буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар кори маҳфил устодону донишҷӯёни кафедраҳои менеҷменти молиявӣ, суғурта, фаъолияти бонкӣ, андоз ва андозбандӣ иштирок намуданд.
Донишҷӯи бахши сеюми ихтисоси менеҷменти молиявӣ Амирҷон Раҷабов зимни маърӯзаи хеш изҳор намуд, ки Буҷети давлатӣ дар амалӣ гардонидани вазифаҳои давлат ва таъмини рушди устувори иқтисодиёти миллӣ нақши муҳим мебозад. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои қабул ва иҷроиши Буҷети давлатӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Дар ҳақиқат Буҷети давлатӣ ин ҳуҷҷати муҳимми молиявӣ буда, дар он тамоми даромад ва хароҷоти давлат барои соли ояндаи молиявӣ дарҷ мегардад.
Таъсири давлат ба иқтисодиёт бевосита аз ҳаҷми Буҷети давлатӣ вобаста мебошад. Дар навбати худ ҳаҷми Буҷети давлатӣ аз рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва ҳаҷми маҳсулоти ММД муайян карда мешавад.
Дар идомаи маҳфил қайд карда шуд, ки дар солҳои истиқлолияти давлатӣ дар натиҷаи рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиёт ҳаҷми ММД зиёд гардида, боиси афзудани ҳаҷми Буҷети давлатӣ гардид. Буҷети давлатии мо буҷети иҷтимоӣ мебошад, зеро зиёда аз 50 фоизи он барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ равона гардидааст. Дар охир муҳокима ва суолу ҷавоб сурат гирифт.
Наврӯз Ҷобиров