Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Пешгирии беморӣ аз табобаташ осон аст

Пешгирии беморӣ аз табобаташ осон аст

Бо ташаббуси бунгоҳи тиббии № 1 донишкада ва тибқи қарори ҷаласаи раёсати донишкада аз 28.11.2017 №4/2 «Оид ба вазъи санитарию гигиенӣ ва таъмини донишҷӯён бо шароити зарурии маишӣ дар бинои хобгоҳҳои ДМИТ» рӯзи 14 марти соли равон дар хобгоҳи №1 бо духтурони маркази саломатии №1 - духтури минтақавӣ Саидова Сайрам ва мудири шуъбаи тибби оилавӣ Ҷумаев Исматулло вохӯрӣ ташкил карда шуд. Духтурон ба истиқоматкунандагони хобгоҳ дар бораи роҳҳои пешгирии бемориҳои зуком, обакон, бемории шадиди роҳи нафас, ВИЧ, гепатит, сурхча ва бемории сил маълумоти муфассал доданд. 
Гуфта шуд, ки бо сабаби фарорасии фасли баҳору тобистон ва авҷ гирифтани бемориҳои сироятӣ бояд ҳар як шахс дар бораи саломатии хеш андеша кунад. Зеро пешгирии беморӣ аз табобаташ осону арзон аст. Мутахассисони тиб ба донишҷӯён дар бораи риоя намудани қоидаҳои санитарию гигиенӣ, тозаву озода нигоҳ доштани ҳуҷраҳо ва бо маҳлули хлор тоза намудани фаршҳо, рахти хоб маслиҳат ва дастурҳои муфид доданд. 
Дар охир, вобаста ба мавзӯъ саволу ҷавоб байни донишҷӯён гузаронида шуд. 


Хайринисо Тешаева, ҳамшираи бунгоҳи тиббии №1-и ДМИТ