Хабарҳо
Паёми Наврӯзии ректори ДМИТ Шукрулло Хайрзода
Устодону кормандон ва донишҷӯёни азиз!
Бо самимияти хос фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯзи хуҷастапайро бароятон муборакбод гуфта, хоҳони онем, ки Наврӯз бо манзалати бузурги ҷаҳониаш, бо русуми аждодиаш қалбатонро пурнур, шаҳомати бахтро дар хонадонатон фаровон, ранҷуриҳоро сарнагун ва шукуфтанҳои мақсудро бароятон мушарраф гардонад!
Басо рамзист, ки Наврӯзи имсола бо пайки хуши тақвияти муносибатҳои дуҷонибаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон омад ва дар дили пиру барно нишоту шодиро овард.
Наврӯз аз қадимтарин ва муқаддастарин оини ниёгони мо маҳсуб ёфта, он бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳонӣ гардид. Асолати иҷтимоию фарҳангии Наврӯз хеле бузург буда, он далели рушду пешрафти тафаккури созандаву бунёдкорӣ, муттаҳидию ҳамгироист.
Моҳияти инсонӣ ва ваҳдатгароии Наврӯз омили аслии мондагорӣ ва ҷаҳонишавии ин ҷашни хуҷаста буда, ҷавҳараш пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек аст. Наврӯз ҷашни даъват ба созандагӣ, бунёдкорӣ ва эҷодкорист. Ҷашни Наврӯз васлгари дирӯзу имрӯз, ҳимоятгари суннатҳои волои ниёгон, пайванди наслҳо, бозгашт ба асли хеш ва эҳёи беҳтарин расму ойин ва анъанаҳои миллиамон мебошад. Фазилати таҷлили Наврӯз ҳамдиливу ваҳдати аҳли ҷомеа ва хушҳоливу нишоти мардум аст. Бо омад-омади ин хуҷастаҷашн инсонҳо қалбҳояшонро аз бухлу кина ва кудурат пок ва онро маъвои меҳру муҳаббат ва ваҳдату ҳамбастагӣ месозанд.
Наврӯзи имсоларо аҳли коллективи меҳнатӣ ва донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо муваффақияту дастовардҳои назаррас пешвоз мегиранд. Чун Наврӯзи ҷаҳон ҷашни покиву зебоӣ ва ҷашни оғози эҳёст ва бошад, ки Наврӯзи имсола ҳам оғози эҳёи андешаи миллии ҳар кадоми мо гардида, иттиҳоду ваҳдати моро таҳким ва дар роҳи эҷоду бунёдкорӣ ба мо неруву тавон бахшад.
Умедворем, ки Наврӯзи 2018 бо қадами мубораки худ ба хонадони Шумо хушрӯзиву хушбахтӣ, хуррамиву сарсабзӣ оварад ва ба мардуми шарафманди кишварамон руҳияи нави созандагӣ ва зиндагии шоиста ато бахшад.