Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Саёҳат ба Қалъаи Ҳисор

Саёҳат ба Қалъаи Ҳисор


Тавре маълум аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудаанд. 
Дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ вобаста ба ин як қатор чорабиниҳо гузаронида мешаванд ва дар ин росто, саҳми сарпарастони гурӯҳҳои академӣ хеле калон аст. 
Сарпарасти гурӯҳи 1-25010402, курси 1-уми ихтисоси кори бонкии факултети молия ва қарз Шарифа Равшанова рӯзи 18 марти соли равон баҳри баланд бардоштани маънавиёти ҷавонон донишҷӯёнро барои тамошо ва саёҳат ба Қалъаи Ҳисор раҳнамоӣ намуд. Донишҷӯён аз тамошои осорхонаи Қалъаи Ҳисор як ҷаҳон таассурот бардошта, дар бораи таърихи худ маълумоти бештаре пайдо карданд. Чунин чорабиниҳо минбаъд ҳам дар гурӯҳи академӣ ба нақша гирифта щудааст, ки дигар гӯшаҳои таърихии Тоҷикистонро дидан намуда, ҷаҳонбинии ҷавононро ғанӣ гардонем. 


Шарифа Равшанова