Хабарҳо
Баргузории лексияи кушод
Санаи 14 марти соли 2018 дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо дастгирии Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба «Дастгирии самтҳои алоҳидаи ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ» лексияи кушод бо иштироки Галина Курляндская дар мавзӯи “Моҳият ва принсипҳои ғайримарказонии фискалӣ” баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовинони ректори донишкада, кормандони раёсату шуъбаҳо ва устодону донишҷӯёни донишкада ширкат варзиданд.
Лексияҳои мазкур аз санаи 14 марти соли 2018 то 18 апрели соли 2018 бо иштироки Галина Курляндская, роҳбари компоненти “Муносибатҳои байнибуҷетӣ” ва Франсиск Палко, коршиноси Лоиҳа давом мекунанд.
Дар лексия масъалаҳои шаклҳои сохтори давлатӣ ва сохтори низоми буҷетӣ, меъёрҳои миқдорӣ ва сифатии фискалӣ – буҷетии ғайримарказонӣ ва муносибатҳои байнибуҷетӣ баррасӣ гардид.
Ташкили ин қабил лексияҳо барои идоракунии самараноки молияи давлатӣ кумак расонида, барои тавсеаи донишҳо мусоидат менамояд.