Хабарҳо
Ҳашар оини наврӯзист
Чун ба ҳамагон маълум аст, яке аз оинҳои хуби наврӯзӣ ин поккунии хонаҳо ва тоза кардани ҳавливу кӯча ва оғози корҳои кишту кор аст.
Рӯзи 18 марти соли равон, чун анъанаи наврӯзӣ, аҳли коллективи меҳнатии донишкада бо сарварии ректор Шукрулло Хайрзода ба ҳашари умумӣ баромаданд. Зиёда аз 300 нафар устодону кормандон заминҳоро побел карда, барои гулшинонӣ омода намуданд. Ҳамчунин ҷуйборҳоро тоза карда, саҳни ҳавлии донишкада ва беруни он, қад-қади роҳи донишкада ва назди хобгоҳҳоро рӯфта, поку озода намуданд. Даруни ҳуҷраҳои кориро низ ба тартиб дароварда, гулҳои хонагиро тоза ва нигоҳубин карданд.
Абдуллоева М.