Хабарҳо
Варзишгари мо - чемпион
Боиси хушнудист, ки Улуғбек Саидалиев, донишҷӯи курси 4, факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ, ихтисоси хадамоти гумрук дар мусобиқаи кушоди ноҳияи Фирдавсӣ оид ба Каратэ (Кукешинкай) байни наврасон ва ҷавонон бахшида ба ҷашни Наврӯз доир гардид, дар вазни 65 кг ҷойи аввалро соҳиб гардид. Ӯ бо Диплом ва медал мукофонида шуд.
Улуғбек дар чандин мусобиқаҳо иштирок карда, ғолиб омадааст ва ин пирӯзии аввалини ӯ нест. Ӯ зери роҳбарии Музаффар Сафаров, мудири кафедраи варзиш ва мудофиаи граждании донишкада тамрин менамояд.
Бо ин музаффарият мо Улуғбекро муборакбод карда, барояш дар фатҳи қуллаҳои баландтар муваффақият хоҳонем.