Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Тантанаҳои Наврӯзӣ дар ДМИТ

Тантанаҳои Наврӯзӣ дар ДМИТ

Ҳамасола дар кишвари мо, ки воқеан ватани Наврӯз аст, баргузории ҷашни Наврӯзи Аҷам ва эҳёи суннатҳои он ба худ ҳусну таровати тоза гирифтааст ва ҳамагон онро бо як неруву шаҳомати хосае истиқбол мегиранд. 


Рӯзи 20 март дар донишкада низ иди байналмилалии Наврӯз бо иштироки донишҷӯёну устодон ва кормандони донишкада ва меҳмонони зиёде бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд. Дар базми наврӯзӣ Ҷамшед Нурмаҳмадиён, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳабибулло Амирбекзода, муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Франсиск Палко, коршиноси Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба «Дастгирии самтҳои алоҳидаи ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ» иштирок доштанд. 


Navruz4004.jpgДар он устодону донишҷӯёни факултетҳо ва магистрон бо ороиши дастархони «ҳафт син», «ҳафт шин» ва «ҳафт мим» ва бо назардошти Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, намоиши либосҳои арӯсу домоди маҳалҳои гуногуни ҷумҳурӣ, омодасозии таомҳои миллии хоси наврӯзӣ, ба монанди суманак, далда, оши бурида ва дигарҳо гӯшаҳои махсус ташкил намуданд, ки хеле ҷолибу диданӣ буд. Бояд тазаккур дод, ки дар байни факултетҳо, шуъбаи магистратура ва китобхонаи илмӣ барои ороиши беҳтарин дастархони наврӯзӣ ва либосҳои миллӣ, озмун эълон шуда буд ва намояндагони ҳар як ниҳод бо пешниҳоду намоиши анъанаҳои неки ин иди ориёӣ аз якдигар монданӣ надоштанд. 


Базми наврӯзиро дар варзишгоҳ бо сухани табрикотӣ ректори донишкада Шукрулло Хайрзода кушода, оид ба суннатҳои волои наврӯзӣ чунин ибрози ақида намуд: «Наврӯз айёми дӯстиву ваҳдат эҳсону сахо буда, бо самимияти хоса истиқбол гирифта мешавад. Наврӯз ҳамагонитарин ҷашни мардумист, ки бо рӯҳи зиндагисоз ва ваҳдатофари хеш ҳаёти башариятро саодатманд месозад. Бо омадани Наврӯз табиат аз нав зинда гардида, дар қалби инсонҳо шодию фараҳ мефизояд ва ҷумла мавҷудоту махлуқот интизори омаданаш ҳастанд. 


Navruz4003.jpgNavruz4001.jpg

















Аҳли устодону донишҷӯёни донишкада низ ин хуррамбаҳори Наврӯзӣ, иди аҷдодии худро сазовор пешвоз гирифта, барои муваффақияту навгониҳои минбаъда заминаи мусоид мегузоранд», гуфт ректор ва ба тайёрии наврӯзии факултетҳо баҳои баланд дод. 


Ректор дар бораи фазилатҳои беҳтарини Наврӯз, ҷаҳонишавӣ ва дар кишварҳои дунё бо шукӯҳ ҷашнгирии он, эҳёи суннатҳои волои ниёгон ёдовар шуда, аҳли нишастро бо фарорасии Наврӯзи ҷаҳонӣ шодбош ва баҳрашон комёбию пирӯзӣ дар ҳама ҷода таманно намуд. 


Сипас якчанд нафар кормандони фаъол барои фаъолияти пурсамар қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамин тавр, Саъдулло Носиров, сардори шуъбаи табъу нашр ва Машҳура Абдуллоева, сармуҳаррири рӯзномаи донишкадавӣ барои муваффақият ва комёбиҳои назаррас, тарғибу ташвиқ ҷиҳати рушду нумуи соҳаҳои фарҳангу матбуот бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ва Наврӯз бо Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шуданд. Ҳамчунин Қаландаров А., Сафаров С., Наврӯзова Г., Калаков Ҷ., ва ансамбли «Ҷавонӣ»-и ДМИТ бо Ифтихорномаи донишкада сарфароз гардонида шуданд. 


Navruz407.jpgNavruz405.jpg
















Дар қисмати бадеӣ арӯси сол ба саҳна омада, ҳамагонро табрик гуфт ва бобои деҳқон ба замин донаи умеду баракат кишт. Сурудҳои дилнавози лирикӣ ва ҳаҷвии истеъдодҳои ҷавон ва бадеҳахонии ҳаваскорони ҷавон ва рақсҳои мавзуни духтарон ба базми наврӯзӣ шаҳомати дигар ва ба дилҳо фараҳу шодӣ овард. Ин ҷо баромади ҳаҷвнигоронро махсусан қайд намудан бамаврид аст, ки саҳначаҳои ҳаҷвии аз ҳаёти ҷавонон омодашударо бо маҳорати хоси актёрӣ иҷро намуда, дили бинандагонро ба ваҷд оварданд. 


Дар охир озмуни беҳтарин хони наврӯзӣ ҷамъбаст гардида, раиси ҳакамон – профессор Ғуломҷон Мирзоев онро эълон кард. Ҷойи якум насиби факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ, ҷойи дувум сазовори факултети ҳисобдорӣ ва омор ва ҷойи севум насиби факултети молия ва қарз дониста шуд. 


Ҳамин тавр, базми наврӯзии донишкада баёнгари худшиносӣ ва эҳёи суннатҳои миллӣ, ваҳдати комил ва фарҳангпарварии иштирокчиёни он буд. 


Машҳура Абдуллоева