Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҷавонон муаррификунандаи фарҳанги миллӣ ва эҳёгарони ҳунарҳои мардумӣ

Ҷавонон муаррификунандаи фарҳанги миллӣ ва эҳёгарони ҳунарҳои мардумӣ

Зери ин унвон буд тантанаи ҷашнӣ дар Муассисаи давлатии Боғи Ирам бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба истиқбол аз ҷашни пуршукуҳи миллати тоҷик Наврӯзи байналмилалӣ, ки санаи 17 марти соли 2018 бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид. 
Чорабинӣ аз қисмати намоиши дастовардҳои ҷавонон дар самти инноватсияву технологияҳои муосир, фаъолияти молиявию бонкдорӣ, бозиҳои варзишӣ, ҳунарҳои мардумӣ, Ҷомиву Навоихонӣ ва чорабинии фарҳангӣ иборат буд. 
Дар ин тантанаи ҷашнӣ ҷавонон аз тамоми гӯшаву канори кишвар ширкат варзида, дастовардҳои худро манзури иштирокчиён намуд. 
Иштироки ташкилоту муассисаҳои молиявии кишвар, ки созмондиҳандагони онҳо ҷавонанд, ба таври густурда ба роҳ монда шуда буд. Ширкати роҳбарони сохторҳои давлатӣ ва сокинони кишвар васеву муассир буд. Фазои идонаи Боғи Ирам гувоҳӣ аз омадани Наврӯзи хуҷаста медод. 
Дар ин чорабинӣ доираи зиёди устодону донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ширкат варзиданд. 
Бояд дарҷ намуд, ки роҳандозии чунин иқдомҳо метавонад василаи ташаккули маърифати зеҳнӣ, ҳисси худшиносиву худогоҳии ҷавонон, баланд бардоштани ҷаҳонбинии ин қишри ҷомеа ва бо ин васила фаъолноккунии ҷавонон дар раванди идорасозии сохторҳои пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбад. 


Фаридун Маҳмадуллоев-аъзои намояндагии кор бо ҷавонон дар ДМИТ